IQNA

Интиқоди шадиди раҳбари муқовимати Яман аз баёнияи нишасти Риёз

6:31 - November 17, 2023
рақами хабар: 709
Яман (ИКНА) Раҳбари ҷабҳаи Ансоруллоҳи Яман бо интиқод аз баёнияи поёнии нишасти арабӣ-исломӣ дар Риёз, савол кард, ки оё баёнияи Риёз нишонаи қудрату тавони 57 кишвар буд?

Кишварҳои арабӣ барои кумак ба Фаластин ҷиддӣ амал намекунанд

Ӯ дар паёми видеоӣ ба маросими солрӯзи “Шаҳид” гуфт: “Мушаххас аст, ки режимҳои арабӣ ҷиддияти худро барои иқдом дар қиболи иттифоқоте, ки дар Ғазза меафтад, аз даст додааст. Нишасти изтирории ахири сарони кишварҳои арабӣ ҳеҷ мавзеӣ дар мавриди ончи дар Фаластин мегузарад; ироа накард.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо интиқод аз баёнияи поёнии нишасти рӯзи шанбеи гузашта дар Риёз, афзуд: “Аз нишасте, ки мегӯянд намояндаи ҳама мусулмонон ҳастанд, фақат як баёния ва мутолибаи шифоҳӣ берун меояд; оё ин тавонои 57 кишвар арабӣ аст? Оё ин баёния мисдоқи тавоноӣ ва зарфияти як миллиарду 500 миллион мусулмон буд?.”

Вай сипас гуфт: “Ин баёнияро як мактаб ва як нафар низ метавонист содир кунад! ҳеҷ иқдоме сурат нагирифт, албатта бархе кишварҳо монанди Алҷазоир ва Тунис ва Ироқ пешниҳодоти қавитаре доданд, ки боз ҳам бисёр сода буд.”

Абдулмалики Ал-Ҳусӣ таъкид кард, ки баёнияи нишасти Риёз ба шиддат оддӣ буд то ҷое, ки мавриди тамасхури Исроил қарор гирифт ва ин режими ҳеҷ таваҷҷуҳе ба он надорад, балки ин баёния дар ҷиҳати ҳимояту пуштибонӣ аз Исроил буд.

Ал-Ҳусӣ баёнияи Риёзро мисдоқи бастани дастони уммати Ислом донисту гуфт, ки сатҳи мавзеи нишасти Риёз дар сатҳи мавзеи кишварҳои ғайри арабӣ ва ғайри исломӣ буд, вай гуфт: “Гуё баёнияро Кулумбия ва кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ, ки равобиташонро бо Исроил қатъ кардаанд, содир карда буданд, ки албатта мавзеи онҳо бисёр қавитар аз бархе режимҳои арабӣ аст.”

Тарсе аз ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ надорем

Раҳбари ҷабҳаи муқовимати Яман ҳамчунин бо баёни инки рӯзи душанбе як амалиёти мушакӣ ва паҳподӣ алайҳи мавозеи режими саҳюнистӣ аз самти Яман сурат гирифт, афзуд: “Исроилиҳо ҷуръат надоранд парчами Исроилро бар киштиҳояшон дар Дарёи Сурх насб кунанд, балки онро мепӯшонанд ва ин нишон аз сатҳи мавзеъ ва таъсири мо дар ҳадаф қарор додани душман аст.”

Агар гузаргоҳи заминӣ бо Фаластин дошта бошем мардуми Яман бо садҳо ҳазор муҷоҳиди қаҳрамон вориди Фаластин мешаванд

Ал-Ҳусӣ бо ишора ба инки миллати Яман аз ҳеҷ имоконе барои кумак ба мардуми Фаластин дар баробари душмани саҳюнистӣ дареғ намекунанд таъкид кард, агар гузаргоҳи заминӣ бо Фаластин дошта бошем мардуми Яман бо садҳо ҳазор муҷоҳиди қаҳрамон вориди Фаластин мешаванд.

Самараи истиқомату сабри мардум ва размандагони муқовимат дар Ғазза пирӯзӣ мебошад

Раҳбари Ансоуллоҳ таъкид кард таҳрими колоҳои амрикоӣ ва исроилӣ яке аз муҳимтарин мавозеист, ки уммати исломӣ барои кумак ба мардуми Фаластин бояд иттихоз кунад. Аз ҳамаи миллатҳои исломӣ ва араб мехоҳам, ки аз Худованд битарсанд ва колоҳои амрикоӣ ва исроилӣ ва ҳамаи ширкатҳои ҳомии саҳюнистҳоро таҳрим кунанд. Гузинаи таҳрим дар дастраси ҳамагон мебошад, ҳатто мардуме, ки аз саркуб, зулму ситам ранҷ мебаранд ва қодир ба ширкат дар тазоҳуротҳо нестанд.

Абдулмалик Ал-Ҳусӣ тасреҳ кард, мавзеи Яман дар қиболи масаълаи Фаластин як мавзеи имонӣ ва масъулонааст. Амрикоиҳо аз хилоли таҳдид ба бозгашт ба ҷанг алайҳи Яман ва монеатарошӣ дар раванди тавофуқ барои оташбас дар ҷанги Яман мехоҳанд моро таҳти фишор қарор диҳанд то аз Фаластин ҳимоят накунем, аммо мардуми мо ҳаргиз таслим намешаванду пайрави диктаҳои Амрико ва Инглис ва авомили онҳо нахоҳанд буд.

Вай гуфт, ҷиноёте, ки дар Ғазза мебинем ҳақиқати касифи ҷавомеи ғарбиро фош ва дуруғ будани иддаоҳои онҳо дар заминаи ҳуқуқу озодӣ ва ғайраро собит мекунад. Созмони Милал низ ҳеҷ коре намекунад ва бисёр ором бо саҳюнистҳо рафтор мекунад. Бо вуҷуди густардагии таҷовузот, мавзеи қаҳрамононаи миллати Фаластин ва муҷоҳидони онҳо бисёр олӣ ва қобили таҳсину қадрдонӣ аст. Абъоди фоҷеаи Ғазза бисёр зиёд аст, аммо самараи сабру истиқомати фаровони муҷоҳидони Ғазза ба хости Худованд пирӯзӣ хоҳад буд.

Риёз

Пеш аз ин Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва Ҳамос низ забон ба интиқод аз нишасти изтирории сарони кишварҳои арабӣ-исломӣ дар Риёз гушӯда буданд.

Дар ин росто “Усома Ҳамдон” аз раҳбарони ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос рӯзи душанбе дар як конфронси хабарӣ баёнияи поёнии нишасти арабӣ – исломӣ дар Риёзро “ноумедкунанда” тавсиф кард.

Ӯ гуфт: “Аз бародарони араб ва мусулмони худ интизор доштем, ки фишорҳои қудрати худро дар нишасти Риёз бо ҳадафи таваққуфи дарду ранҷи мардуми Ғазза ба кор гиранд.”

Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ рӯзи якшанбе ба шиддат аз нишасти Риёз интиқод кард ва дар баёнияе гуфт: “Баёнияи поёнӣ баёнгари шонахолӣ кардани тамоми кишварҳои арабӣ-исломӣ аз вазоифашон ва фирор аз вазифаи дифоъ аз амнияти миллии арабӣ-исломӣ ва даст кашидан аз Фаластин ва мардуми он дар баробари режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ғарбии он буд.”

Нишасти муштараки Иттиҳодияи араб ва Созмони ҳамкории исломӣ рӯзи шанбе бо ҳадафи баррасии роҳҳои таваққуфи ҷанг дар Ғазза бо ҳузури сарони кишварҳо дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва ба гуфтаи нозирон дар ниҳоят мунҷар ба ҳеҷ иқдоми маҳсус ва мутафовите нашуд.

https://tajikpress.com/2023/11/16/

captcha