Саду давоздаҳумин сураи Қуръони Карим “Ихлос” ном дорад. Ин сура бо 4 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Ихлос”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, бисту дувумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Номи дигари ин сура “Тавҳид” аст. Дар бораи далели ин номгузорӣ гуфта шуда аз онҷо, ки Худовандро ба ягонагӣ тавсиф мекунад, “Тавҳид” ном гирифта ва ба ин далел, ки таваҷҷуҳ ба мӯҳтавои он, инсонро аз ширк холис мекунад ва ба думболи он инсон аз оташи дӯзах наҷот пайдо мекунад, онро “Ихлос” номидаанд.
Дар мавриди далели нузули ин сура омадааст, ки мушрикон аз Паёмбари Ислом (с) хостанд то Худовандро тавсиф кунад. Ин сура дар посух ба дархости онҳо нозил шуд, ки тавсифи кӯтоҳ, аммо комил дар мавриди Худованд аст.
Дар аввалин ояти ин сура омадааст: قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ: “Бигӯ Ӯ Аллоҳи ягона аст”. “Аҳад” яъне зоте, ки қобили шумориш кардан ва бештар шудан набошад ва ин сифат танҳо дар мавриди Худованд истифода мешавад.
Дар ояти дувум низ сифати хоссе барои Худованд баён шуда: اللَّهُ الصَّمَدُ: “Аллоҳ бениёз аст”. “Самад” ба маънои бениёзи комил ва бартараф кунандаи ниёзҳои дигарон аст. Тамоми мавҷудот мутаваҷҷеҳи Ӯ ҳастанд ва ниёзҳои худро аз тариқи Ӯ бартараф мекунанд ва фақат Худованд аст, ки ин вижагиро дорад.
Дар ояти севум омадааст: لَم يَلِد وَلَم يُولَد: “На зода ва на зоида шудааст”. Ба дунё омадан ва ё ба дунё овардан қисмат пазирӣ аст ва бидуни таркиб тасаввур намешавад, ва ҳар мураккабе ба аҷзои худ ниёз дорад дар ҳоле, ки Худованд “Аҳад” ва “Самад” аст ва ҳамсар надоштан ва фарзанд надоштан бахше аз вижагиҳои ин ду сифат аст.
Дар ояти поёнӣ низ бар ин нукта таъкид мешавад, ки Худованд ҳеҷ шабиҳ ва монанде надорад: وَلَم يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُ: “Ва ҳеҷ кас ҳамтои Ӯ нест”
Бар асоси ин оят ҳеҷ мавҷуде дар зот, сифот ё тавоноиҳо ҳамтои Худо нест ва ҳеҷ шабеҳ ва монанде надорад. Аз ин ҷиҳат, ки агар касе дар сифат ва рафтор монанди Худо бошад, пас ниёзе ба Худованд надорад дар ҳоле, ки тибқи таърифи сифати “Самад” ҳамаи мавҷудот ба Худованд эҳсоси ниёз мекунанд.