IQNA

Қуръон чист? / 2

Китобе, ки шифои дилҳост

19:18 - November 27, 2023
рақами хабар: 751
Теҳрон (ИКНА) аз замоне, ки инсон по ба замин гузошта бо анвоъ ва ақсоми бемориҳо мувоҷеҳ будааст. Худованд, ки холиқи инсон аст бо донистани чунин ҳақиқате, нусхаи шифобахшро дар ихтиёри инсонҳо қарор додааст, ки дармонгари бемориҳои рӯҳӣ ва фикрии онҳост.

Яке аз чизҳое, ки ҳамаи мавҷудоти зинда дар муддат замони зиндагияшон бо он рӯбарӯ мешаванд, беморӣ аст. Бемории инсон ба ду шакл аст: яке бемории ҷисмӣ ва дигарӣ бемории рӯҳ ва фикр. Бемориҳои ҷисмии инсонҳо маъмулан нишонаҳои возеҳ ва мушаххасе доранд, ки агар инсон мубтало шуд сареъ метавонад ташхис бидиҳад. Яке аз сифоте, ки Худованд Қуръонро бо он муаррифӣ мекунад дармонкунандагӣ аст. Худованд дар ояти 82 сураи муборака Асроъ мефармояд: وَ نُنزِّلُ مِنَ الْقُرْءَانِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَ رَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ  وَ لَا يَزِيدُ الظَّلِمِينَ إِلَّا خَسَارًا; “Ва мо ончиро барои мӯъминон мояи дармон ва раҳмат аст аз Қуръон нозил ме‏кунем, ва [ле‏] ситамгаронро ҷуз зиён намеафзояд”. (Асроъ, 82).

Табиатан инсоне, ки солим аст ниёзе ба дармон надорад ва иттифоқан дармон барои касе аст, ки маразе дар даруни худаш доштабошад. Худованд барои инки бемориҳои инсон дармон шавад, Қуръонро нозил кард, ки як нусхаи ҳамешагӣ барои инсон аст ва бартарии Қуръон нисбат ба соири доруҳоро нишон медиҳад:

  1. Қуръон доруе аст, ки тамоми он манфаат ва суд аст ва ҳеҷ зараре барои инсон надорад ва ҳаргиз саломатии инсони мӯъминро ба хатар намеандозад.
  2. Қуръон бо гузашти 1400 сол аз замони нузулаш ҳамчунон инсонҳои зиёдеро аз доми бемориҳо наҷот медиҳад ва нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ инҷост, ки ин дору таърихи инқизо надорад ва то абад наҷотдиҳандаи мӯъминон аст. Чун Қуръон огоҳ ба нуқоти қувват ва заъфи инсонҳост ва ниёзҳои ӯро медонад, то замоне, ки инсон вуҷуд дорад ва зиндагӣ мекунад Қуръон посухгӯи ӯ хоҳад буд.

Дар ояте, ки болотар баён шуд, иборати аҷибе вуҷуд дорад: «[Қуръон] барои зиёни ситамгаронро бештар мекунад». Ин ишора нишон медиҳад, ки ин фоидаи дармонии Қуръон сирфан барои мӯъминон аст ва золимон ва бадкорон ҳарчиқадр ҳам, ки аз он истифода кунанд, ҷуз зарар ва зиён чизе ба онон намеафзояд. Барои равшан шудани ин матлаб ба ин мисол таваҷҷуҳ кунед:

Оёти Қуръон тибқи мисоли маъруф ҳамчун қатра‏ҳои ҳаётбахши борон аст, ки дар боғҳо, гулҳои хушранг ва бу ме‏рӯяд, ва дар ботлоқҳо ва шӯразорҳо боиси бӯи бад мешавад! Ва дуруст ба ҳамин далел, барои истифода аз Қуръон бояд қаблан омодагии пазиришро пайдо кард.

  1. Саломатии рӯҳи инсон муҳимтар аз саломатии ҷисми инсон аст. Чӣ басо бахши бузурге аз мардуми курраи замин дорои саломати ҷисмӣ бошанд, вале ба далели инки оромиши рӯҳӣ надоранд, аз зиндагӣ лаззати кофӣ намебаранд, пас яъне доруи бемории рӯҳи инсон ҳам ба маротиб муҳимтар аз доруи бемории ҷисми ӯст.
captcha