IQNA

Хушунат алайҳи муҳоҷирон дар Ирландия

21:30 - November 28, 2023
рақами хабар: 757
Ирландия (ИКНА) интишори ахбор ва иттилооти гумроҳкунанда дар бораи корча задани як зан ва 3 кӯдаки ирландияӣ, боиси иқдомоти хушунатомези густурда алайҳи муҳоҷирон дар маркази ин кишвар шуд.

Ба гузориши SCI нахуствазири Ирландия, шӯришҳои бузурге, ки дар Дублин, пойтахт, дар ҷараён астро лаккаи нанге барои Ирландия тавсиф кард.

Ин шӯришҳо, ки тавассути гурӯҳҳои рости ифротии шуруъ шуд ва муҳоҷирон ва ҳутелҳои муҳоҷиронро ҳадаф қарор дод, пас аз он оғоз шуд, ки марде бо корд ба чанд шаҳрванди ирландияӣ дар наздикии мадрасае дар Дублин ҳамла ва чаҳор нафар, як зан ва се кӯдакро захмӣ кард.

Хушунатҳо пас аз интишори шойиоте дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди ҳувияти муҳоҷим ва инки ӯ як муҳоҷири алҷазоирӣ аст ва бо таваҷҷуҳ ба афзоиши рӯйкардҳои зидди муҳоҷиратии мавҷуд дар кишвар оғоз шуд.

Дарҷарёни ин хушунатҳо ҷавонони ростгарои ифротӣ ва ҳаводоронашон дар хиёбони Оконнел, яке аз маъруфтарин хиёбонҳои Дублин, таҷаммӯъ карда ва даст ба хушунат, ғорат ва оташзадани худравҳо карданд.

Ҳудуд 500 ошубгар дар ин шӯришҳо ширкат карданд, автомобилҳоро ба оташ кашиданд ва мағозаҳоро дар маҳаллае, ки умдатан муҳоҷирон дар он зиндагӣ мекунанд, ғорат карданд. 

Полиси ростгароёни ифротиро масъули ин шӯришҳо донист ва аз шойиот интиқод кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳувияти муҳоҷим мунташир мешавад.

Лео Вардкар, нахуствазирИ Ирландия дар як конфронси матбуотӣ дар бораи ошубгарон гуфт: ин афрод иддао мекунанд, ки аз шаҳрвандон ирландияӣ дифоъ мекунанд. Аммо онҳо афроди бегуноҳ ва осебпазирро дар маърази хатар қарор медиҳанд. Онҳо нанге барои Дублин, Ирландия, хонаводҳҳояшон ва худашон ҳастанд.

https://iqna.ir/00HYdA

captcha