
Дини Ислом барои пайравони адёни дигар эҳтиром қоил аст, вале бо ин вуҷуд, иртиботи самимӣ ва отифии мусулмононро бо пайравони адёни дигар бар меҳвари имон ва тақво маҳдуд мекунад. Дар Қуръони Карим оёти зиёде вуҷуд дорад, ки мусулмононро аз қабули сарпарастии пайравони адёни дигар манъ кардааст. Худованд ба мусулмонон ҳушдор додааст, ки иззат ва истиқлоли худро дар ҳамаи шъуни зиндагӣ, ҳам иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, ҳифз кунанд ва ин иззат ва истиқлолро дар дӯстӣ бо душманони Ислом наҷӯянд. Балки дар тамоми заминаҳо Худовандро такя гоҳи худ қарор диҳанд, ки сар маншаи ҳамаи иззатҳо аст. Яке аз оёте, ки ба ин мавзӯъ ишора мекунад ба ояти “нафйи сабил” ба маънои манъи роҳи [ғалаба] маъруф аст. Нафйи сабил қоидаи исломӣ аст, ки ҳаргуна тасаллути куффор бар мусулмононро дар ҳеҷ заминае аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва низомӣ, ҷоиз намешуморад.
وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا “Худованд ҳаргиз кофиронро бар муъминон тасаллути надодааст” (Нисо, 141).
Иборати “وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا” дар интиҳои ин оят ба унвони қоидаи нафйи сабил дар фиқҳи исломӣ корбурд дорад. Фуқаҳо дар масоили мухталифи фиқҳӣ, барои исботи адами тасаллути куффор бар муъминон, ба ҷумлаи «وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ» истинод мекунанд. Албатта рафту омад ва касби иттилоъ ва омӯзиш дидан ва табодули фарҳангӣ ва иқтисодӣ, агар сабаби султаи куффор ва зиллати муъминон набошад монее надорад. Чун дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам “Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам” омадааст: “اُطلُبوا العِلمَ ولَو بِالصِّينِ” Омӯзиш бубинед, гарчи ба қимати мусофират ба кишвари Чин бошад”. [Васоил, ҷ27, с27]. Ишора ба кишвари Чин истиорае аз дӯрии роҳ ва тафовути фарҳангӣ аст. Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре Паёмбари Акрам “Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи” фармуд: ҳар кофири асире, даҳ мусулмонро омӯзиш диҳад, ӯро озод мекунам. Ва дар замони Аҳлу байт, муомилот миёни мусулмонон ва дигарон анҷом мешудааст.
Калидвожаҳо: ончи Қуръон мегӯяд, ғалаба, мусулмон, кофир, султа