
Худованд дар Қуръон, сифоти зиёде барои ин китоб шумурда, ки ҳаркадом аз онҳо ҷойи фикр ва баҳсҳои асосӣ доранд. Яке аз ин сифатҳо гиромӣ ва олиқадр будани Қуръон аст. Дар оёти 13 то 16 сураи Абаса мехонем: فِي صُحُفٍ مُكَرَّمَةٍ مَرْفُوعَةٍ مُطَهَّرَةٍ بِأَيْدِي سَفَرَةٍكِرامٍ بَرَرَةٍ; “Дар сафаҳоти пурарзише сабт аст, сафаҳоти воло қадр ва покиза, ба дасти сафироне аст воло мақом ва фармонбардор ва некӯкор!” (Абаса: 13-16)
Дар ин оёт чанд вижагӣ барои Қуръон баён шуда:
- Сабтшудан дар сафаҳоти бо арзиш ва гиромӣ: иборате, ки дар ин оят зикр шуда (суҳуф) аст. Суҳуф ҷамъи саҳифа аст ба маънои «лавҳҳо» ё «варақаҳо» ва ё чизи дигаре аст, ки дар он матлаберо минависанд, ва ин таъбир нишон медиҳад, ки оёти Қуръон қабл аз нузул бар Пайғамбари Акрам(с) дар алвоҳе (сафаҳоте) навишта шуда буда, ки ё худи ин варақаҳо, варақаҳои гиромӣ буданд ва аз ин ҷиҳат, ки Қуръон дорои алфози олиқадре аст рӯйи он алвоҳ навишта шуда ва ё аз аввали ин варақаҳои гиромӣ набуданд ва ба баракати Қуръон ин варақаҳо ё саҳифаҳо гиромӣ шудаанд.
Дар ин оят як нуктаи ахлоқӣ ҳам наҳуфтааст: инки вақте Худованд бо мартаба ва ҷойгоҳи волое, ки дорад, чизеро гиромӣ мешуморад моҳам бояд онро гиромӣ бишуморем ва беадабӣ ба он накунем.
- Волоқадр ва покиза: покизагӣ дар нигоҳи аввал ба ин маъне аст, ки масалан агар либосамон ё дастамон бо хок ё ҳар чизи дигаре касиф шуд, метавонем онро бо об бишурем то тамиз шавад. Аммо вақте дар мавриди покизагии Қуръон сӯҳбат мекунем, яъне ҳеҷ кас наметавонад ин китобро тағйир диҳад ва ҳеҷ сухане наметавонад болотар аз сухани Қуръон қарор бигирад. Ба иборате дигар болотар аз он аст, ки дасти ноаҳлон ба сӯи он дароз шавад, ва ё қодир бар таҳрифи (тағйир) он бошанд, ва покатр аз он аст, ки дасти нопокон онро олуда кунад, ва низ аз ҳаргуна таноқуз ва тазод ва шаку шубҳа пок аст.
- Ба дасти сафироне аст воло мақом ва фармонбардор ва некӯкор: манзур аз сафирон ва расулони ваҳй, фариштгоне ҳастанд, ки ваҳйи илоҳиро ба Паёмбарон мерасонанд ва ин фариштагон, ёрони Ҷабраил ва таҳти амри ӯ ҳастанд.
Натиҷаи зарифе, ки аз паси тавзеҳоти боло ба даст меояд бад-ин сурат аст:
Сарчашма ва нозили кунандаи Қуръон, ки Худованд аст, карим аст: فإِنَّ رَبِّي غَنِيٌّ كَرِيمٌ; “Парвардигори ман, ғанӣ ва карим аст”. (Намл: 40)
Худи Қуръон низ Карим аст: اِنَّهُ لَقُرْءَانٌ كَرِيم; “Ҳамоно он, Қуръони Кариме аст”. (Воқеа: 77)
Оварандагони он низ карим ҳастанд: بأَيْدِي سَفَرَةٍكِرامٍ بَرَرَةٍ; “Алвоҳи волоқадр ва покиза, ба дасти сафироне аст воломақом ва гиромӣ ва некӯкор”. (Абаса: 15-16)
Касе, ки бар ӯ нозил шудааст ҳам карим аст: إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيم; “Ҳамоно ин Қуръон гуфтори расули бузургавор ва карим аст”. (Ҳоққа: 40)