وَإِذَا حُيِّيتُمْ بِتَحِيَّةٍ فَحَيُّوا بِأَحْسَنَ مِنْهَا أَوْ رُدُّوهَا إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ حَسِيبًا; “Ва ҳар гоҳ касе шуморо салом ва таҳаияте гуфт шумо ба таҳияти некӯтар ё мисли он посух диҳед, ки Худованд ба ҳисоби ҳар нек ва бад хоҳед расид” (Нисоъ, 86).
Дуруд ва салом ба якдигар мояи дӯстӣ ва сулҳ ва сафо миёни инсонҳо аст, албатта агар он таҳият аз дил бархезад ва фақат савт набошад. Дар Қуръон омадааст, ки дар биҳишт, дуруд ва хушомад ба инсонҳо салом аст ва ба ҳамин ҷиҳат миёни мусулмонон ин расм қарнҳо аст, ки тадовум дорад ва ҳар куҷо ба ҳам мерасанд, чӣ дар миёни форсӣ забонон ва чӣ Араб забонон ва ҳатто дар Покистон ва Ҳинд ва чин низ мусулмонон бо калимаи салом ба ҳам дуруд мегӯянд ва эъломи ошноӣ ва дӯстӣ мекунанд.
Ин калимаи салом вожаи бисёр ғанӣ ва ҳовии маонии латиф ва ёдовари фазоҳои лаззатбахше дар хотир аст, зеро аввалан салом номи Худост чунонки, ки дар Қуръон омадааст هُو.... السّلام المومن المهیمن (Ҳашр, 23) сониян салом яке аз номҳои дигари биҳишт аст чунонки боз дар Қуръон омадааст. لهم دار السّلام عند ربّهِم (Анъом, 127) яъне ишонро «хонаи салом» аст назди Парвардигорашон ва мақсуд аз хонаи салом ҳамон биҳишт ё фирдавси аълост аз ин ҷиҳат, ки онҷо дори амон ва амн ва сулҳ ва осоиш аст ва ҳеҷ кас бо ҳеҷ кас душманӣ надорад.
солисан калимаи салом ба маънои сулҳ ва дӯстӣ аст, ки бояд миёни мардумон ва кишварҳо ва шаҳрҳо барқарор бошад. Робиъан салом бо калимаи саломатӣ ҳамреша аст ва ҳангоме, ки касе шуморо салом мегӯяд дар ҳақиқат барои шумо орзӯи саломатӣ дорад ва низ эълом мекунад, ки ту аз ман эмин ва осудае. Дар миёни калима, ки аврупоиён барои таҳият ба кор мебаранд ҳеҷ як нест, ки чунин маонии густурдае ҳамроҳ дошта бошад.
Таълими куллии оят ин аст, ки ҳар кас ба шумо ҳадияе дод ва лутфе ба ҷой оварад, шумо саъй кунед, ки беҳтар аз он ба ӯ бозгардонед ва агар ин дастур дар ҳамаи заминаҳо риоят шавад, инсонҳо аз дидори якдигар ғанитар ва комилтар мешаванд.
Агар шахс ба ҳамон миқдор саломе, ки шунидааст, дар посух иктифо кунад низ хатое накардааст. Аммо лутфи афзоиш дар ин аст, ки шунаванда мутмаин мешавад, ки шахс аз рӯйи ночорӣ ва риояти одоб ва ҳифзи шароит ва муқтазиёт посух нагуфтааст ва-гарна чизе бар ончи шунида буд, намеафзуд. Ин асли куллии равоншиносӣ аст, ки риояти он метавонад равобити инсониро латифтар ва ҳамвортар кунад.
Бузургтарин ҳадия назди орифон, саломи Худост, ки ба ҳазорон забон барои одамиён мефиристад.
Аммо салом таквини Худованд (ончи аз амал ва офариниши Худованд дар меёбем), ки эъломи ҳузури ӯст, лаҳза ба лаҳза аз зарразарраи коинот шунида мешавад. Ҳар бомдод хуршед саломе ба вусъати осмонҳо ва замин мефиристад ва ҳама аз саломи ӯ гарм мешаванд ва ҳар шаб ситторагони бешумори ҳар як ба ноз ва ишва, саломе мефиристанд ва ҳар гиёҳе, ки мерӯяд ва ҳар гуле, ки мешкуфад ва ҳар боди сабо, ки мегузарад, ҳама аз саломи Худо окандаанд.
Аммо гӯшҳо оканда аз ғафлат ҳастанд, магар гоҳгоҳе шоире дар насими субҳгоҳӣ саломе бишнавад ва ба посух саломе бифиристад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.