Асғар Хусравӣ, раиси идораи мусобиқоти маркази умури Қуръони созмони авқоф ва умури хайрия ва масъули ҳавзаи байналмилалии ин марказ дар гуфтугӯ бо ИКНА, аз оғози марҳалаи забти муқаддамотии чиҳилмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод ва гуфт: марҳалаи муқаддамотии риштаи ҳифзи кулли Қуръон дар бахши бонувон аз 30 ноябр оғоз шуд ва марҳалаи забти муқаддамотии ҳифз анҷом шуд.
Вай идома дод: марҳалаи муқаддамотии риштаи тартили Қуръон дар бахши бонувон низ тавассути доварон ҷумъа, 1 декабр арзёбӣ шуд то нафароти бартари роҳёфта ба марҳалаи муқаддамотӣ мушаххас шаванд. Ҳамчунин шанбе низ марҳалаи муқаддамотии риштаҳои қироат ва тартил ва ҳам марҳалаи забти муқаддамотии риштаи ҳифзи кул дар бахши оқоён дар ҳоли анҷом аст.
Хусравӣ баён кард: пас аз забти марҳалаи муқаддамотии риштаи ҳифзи кул, баҳси ғерболгарӣ анҷом хоҳад шуд. Марҳалаи муқаддамотии доварии осор ва файлҳо дар январ анҷом мешавад ва нафароте, ки ҳадди нисоб ва болотарин нумараро касб карда бошанд ба марҳалаи ниҳоӣ роҳпайдо хоҳанд кард.
Вай бо ишора ба ҳузури мутасобиқ аз 105 кишвар дар ин давра аз мусобиқот афзуд: дарвари муқаддамотии ин афрод дар ҳоли анҷом аст, ки беҳтаринҳо ба марҳалаи муқаддамотӣ роҳ пайдо хоҳанд кард ва онҳое, ки аз марҳалаи муқаддамотӣ болотарин рутбаро касб карда бошанд ба марҳалаи финал роҳ пайдо мекунанд. Ин марҳала бо ҳамкории кумитаи фаннии ситоди олии ҳамоҳангии мусобиқоти Қуръон дар ҳоли анҷом аст.
Раиси идораи мусобиқоти маркази умури Қуръони созмони авқоф ва умури хайрия тасреҳ кард: марҳалаи ниҳоӣ чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, авохири фаврал дар салони иҷлоси сарони кишварҳои исломи дар Теҳрон баргузор мешавад.