Яке аз тавсифоте, ки дар Қуръон ва барои Қуръон чанд бор ба кор бурда шуда, вожаи «зикр» аст. Зикр ба маънои ёд кардани чизе аст, ки инсон фаромӯш карда. Худованд дар яке аз оёти Қуръон, иллати осон кардани Қуръонро тазаккур ва ёдоварӣ кардан баён кардааст: وَ لَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِر; “Мо Қуръонро барои тазаккури осон сохтем; Оё касе ҳаст, ки мутазаккир шавад?” (Қамар, 17).
Ёдоварӣ кардан ва андарз додан аз ҷумла масоиле аст, ки дар Қуръон ба он ишора шуда ва иллати он манфаат доштани панд ва андарз барои мӯъминон аст. Бо диққат дар маънои ин оят, нукоти зиёде фаҳмида мешавад, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем:
Аммо бархе афрод ҳам ҳастанд, ки вақте манофеъи худро дар хатар мебинанд ва ба лаззатҳои кутоҳ дилхӯш кардаанд, дар баробари ҳақоиқ ҷабҳа мегиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро намепазиранд. Вақте ба ин афрод панд ва андарз дода мешавад, баъзе аз онҳо ба истилоҳ нарм мешванд ва ба сӯи ҳақ мутамоил мешаванд, ҳарчанд, ки баъзе дигар ҳамчунон дар масири қаблии худ мемонанд.
Аммо Қуръон аз чӣ равишҳое барои тазаккур додан истифода мекунад?
Яке аз равишҳои Қуръон, ёди марг аст. Марг аз ҷумла масоили қатъӣ аст, ки ҳатман барои ҳар инсоне рух медиҳад. Аз онҷое, ки Қуръон мехоҳад инсонро бедор кунад ва ба ӯ бифаҳмонад, ки ин зиндагии дунё фанопазир аст ва инсон бояд барои зиндагӣ дар охират омода шавад. Падидаи марг ва ҷанбаҳои гуногуни онро доиман барои мухотаб такрор мекунад:
كلُ نَفْسٍ ذَائقَةُ المَوْت وَ إِنَّمَا تُوَفَّوْنَ أُجُورَكُمْ يَوْمَ الْقِيَمَةِ فَمَن زُحْزِحَ عَنِ النَّارِ وَ أُدْخِلَ الْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ وَ مَا الْحَيَوةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَعُ الْغُرُو; “Ҳар касе маргро мечашад; Ва шумо подоши худро ба таври комил дар рӯзи қиёмат хоҳед гирифт; Онҳо, ки аз оташи (дӯзах) дӯр шуда, ва ба биҳишт ворид шаванд наҷот ёфта ва растгор шудаанд ва зиндагии дунё, чизе ҷуз сармояи фиреб нест!” (Оли Имрон, 185)
Яке аз асароти ёди марг дар умури тарбиятӣ мутазаккир шудан ва адами ғафлат аст, инсон вақте ба ин мавзӯъ фикр мекунд, ки як рӯзе қарор аз ин дунё биравад ва барои сония ба сонияи зиндагӣ ва рафторҳои худ бояд ҷавоб пас бидиҳад, пас дар зиндагии дунёӣ, таваҷҷуҳи бештаре ба афкор ва амали худ хоҳад дошт; Бо забонаш ҳарфи баде нагӯяд, бо чашмаш тасвири зиштеро набинад ва бо гӯшаш чизҳои нодурустеро нашинавад.