IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 17

Дар накӯҳиши наҷво ва дар гӯши ҳам сӯҳбат кардан

19:09 - December 03, 2023
рақами хабар: 778
Теҳрон (ИКНА) наҷво ва  сӯҳбат кардан дар гӯши ҳам (пичир-пичир) дар дини Ислом накӯҳиш шудааст. Гуфтаанд «наҷво аз рафторҳои шайтонӣ аст» ва дар ҳамаи фарҳангҳо сухане дар ин боб рафтааст, ки дар ҷамъ наҷво накунед, зеро ҳар касе дар андеша фурӯ меравад, ки шояд аз ӯ ғайбат мекунанд.

لَا خَيْرَ فِي كَثِيرٍ مِنْ نَجْوَاهُمْ إِلَّا مَنْ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوْ مَعْرُوفٍ أَوْ إِصْلَاحٍ بَيْنَ النَّاسِ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ فَسَوْفَ نُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا; “Дар бисёре аз суханони сиррии онҳо ҳеҷ хайре нест, магар касе, ки ба садақае ё [кори] писандидае ё ислоҳе миёни мардум, фармон диҳад. Ва ҳар кас ин [кор]-ро барои талаби ризои Худо анҷом диҳад, пас, ба зудӣ подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод”. (Нисо, 114).

Сухан дар накӯҳиши наҷво ва зери гӯш сӯҳбат кардан аст, ки гуфтаанд « النجوا من عمل الشیطان» ва дар ҳамаи фарҳангҳо сухане дар ин боб рафтааст, ки дар ҷамъ наҷво накунед зеро ҳар касе дар андеша фурӯ меравад, ки шояд аз ӯ ғайбат мекунанд ва ин тавсияи ҷаҳонӣ боз ба хотири ин аст, ки одамиён аз ҳам ранҷида нашванд ва ба фикр ва хаёли ботил наюфтанд ва дучори сӯитафоҳумҳои гуногуне нагарданд. Аммо дар ин оят Худованд мавориди истисноӣ барои наҷво қарор додааст, ки он маворид низ барои ҳифзи фазои дӯстӣ ва обрӯи мардумон муқаррар шудааст.

Яке онки метавон дар ҷамъ оҳиста касеро ба додани садақае ё анҷоми кори некӯе дар ҳаққи дигарӣ даъват кард ва ин кор беҳтар аст, ки оҳиста ва бехабар аз бақияи мардум бошад ё онки шахсе барои ислоҳи равобит байни инсонҳо ва бозгардондани робитаи дӯстӣ ва оштӣ миёни онҳо, ки аз беҳтарин ибодот ва аъмоли одамӣ аст, оҳиста наҷво кунад ва касеро ба кӯтоҳ омадан ва гузашткардан ва амсоли он насиҳат кунад, аммо ба ғайр аз ин, наҷвокардан шоиста нест ва дар ҳамин маворид истисноъ низ шахс бояд он наҷворо ба хотири ризои Худо анҷом диҳад, ки албатта Худованд ӯро подоши азим ва сареъ ато хоҳад фармуд.

Худованд мефармояд: “Ҳеҷ сенафаре бо ҳам наҷво намекунанд илло инки мо нафари чаҳоруми онҳо ҳастем” (Муҷодила, 7) ва чӣ саодате аст, ки инсон худоро ҳатто дар наҷвоҳои дӯстонаи худ ҳозир бубинад ва чӣ тавозӯъи азиме аст, ки холиқи худро нафари чаҳоруми семахлуқ муаррифӣ мекунад. Ин эҳсоси ҳузур, ҳам моро дилгарм мекунад ба корҳои хуб ва ҳам бар ҳазар медорад аз ҳар кор ва сухани носавоб.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha