يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ وَأَنَّهُ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ; “Эй аҳли имон, даъвати Худо ва Расулро иҷобат кунед ҳангоме, ки шуморо ба ҳаёти абдӣ фаро мехонад ва бидонед, ки Худо байни одам ва қалби ӯ ҳоил мешавад ва шумо ҳамагӣ ба сӯи Ӯ маҳшур хоҳед шуд” (Анфол, 24).
Ин оят аз назари зебоӣ ва дурахашиши зиндагӣ ва фурӯғи ҳикмат бисёр шигифтангез аст. Даъват шудан ба ҳаёти нав чӣ саодате аст ва дар эҳсоси наздикӣ бо ҷони ҷаҳон, ки аз ҷон ба мо наздиктар аст, чиқадр шӯр ва ҳаяҷон наҳуфтааст.
Дар ин оят се гавҳари ягона аз зиндагӣ, ишқ ва умед ба мо ҳадия медиҳанд: яке онки даъвати Расул даъват аз марг ба зиндагӣ аст, бад-ин маънӣ, ки имон ҳаёти тозае аст барои онон, ки даъвати Расулро иҷобат мекунанд ва чӣ касе ҳаст, ки нахоҳад зинда шавад ва рӯҳ ва равони тозае ёбад? Яъне аз зиндагии дунявӣ (хӯрдан ва хоб ва хашм ва шаҳват), ки мартабаи ҳайвонӣ аст, ба мақоми зебоӣ ва доноӣ ва некӯӣ дарояд, ки мақоми одамият аст.
Дувум инки мефармояд Худованд байни одам ва қалби ӯ ҳоил мешавад ва ин таъбири дигаре аст аз инки Худованд аз худи мо ба мо наздиктар аст, зеро онки наздиктар аст, метавонад миёни мо ва чизи дигар ҳоил шавад ва одамӣ агар бихоҳад аз худ бигурезад ва аз балои ӯ дар амон бимонад, ҳеҷ кас наметавонад байни ӯ ва худаш қарор бигирад, магар Худованд.
Нуктаи латифи дигаре, ки дар ҳоил шудани Худованд миёни одамӣ ва қалби ӯ наҳуфта, ин аст, ки одамӣ пеш аз онки худро бинад, аввал Парвардигори хешро хоҳад дид, ки байни ӯ ва қалбаш истодааст. Пас ба мисдоқи ояти “هُوَ ٱلأَوَّلُ; Ӯ нахустин аст” (Ҳадид / 3) нахустини идроки мо аз ҳастӣ, идроки Худост, ки аввал аст дар ҳар мақом; Чунонки аз бузурге пурсиданд, ки агар битавонем Худоро бубинем, чигуна метавон Ӯро дид? Гуфт: чашмҳоятро бибанд, ва онгаҳ боз кун, ончи аввал хоҳӣ дид, Худост.
Гавҳари севум муждае аст аз инки мо замоне назди Парвардигори худ боз хоҳем гашт ва ҳамагӣ бо Ӯ ҷамъ хоҳем шуд ва одамӣ бояд ба ёди он рӯз бошад ва худро барои вуруд ба он меҳмонии бузург омода кунад, ки бо кадом чеҳра ва кадом авсоф ва кадом либос ва кадом ҷозиба ва имтиёзе мехоҳад дар он меҳмонӣ ширкат кунад ва шарманда набошад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.