Михаил Улянов, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, дар канали расмии худ дар Телеграм навишт: Мо дар мақари Созмони Милал дар Вена ибтикори амалро иттихоз кардем то як баёнияи ҷамъӣ алайҳи исломҳаросӣ аз ҷумла ҷиноёти сӯзондани Қуръони Карим ва лузуми эҳтиром ба дигар адён, тадвин кунем.
Дар Вена намояндаи доимии Русия тавзеҳ дод, ки ин баёния қарор аст дар нишасти комиссияи адолати кайфарӣ ва пешгирӣ аз ҷурми Созмони Милал дар 8 декабри 2023 матраҳ шавад.
Владимир Путин, раисҷмҳури Русия дар 19 май соли ҷорӣ дар суханронии хушомадгӯӣ ба ширкаткунандагон дар нишасти вижаи гурӯҳи чашмандози роҳбурдии «Русия ва ҷаҳони Ислом» тасреҳ кард: Русия ва кишварҳои исломӣ дорои равобити қавӣ ҳастанд ва дар тааҳҳуд барои эҷоди назми ҷаҳонии одилонатар ва чандқутбӣ иттиҳод доранд.
Путин дар он баёния тасреҳ карда буд: Русия ба равобити қавӣ бо кишварҳои исломӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар чорчуби ҳамкорӣ бо созмони ҳамкории исломӣ идома хоҳад дод.
Раисҷмҳури Русия хотирнишон кард: кишварҳои исломӣ имрӯз ба таври фаъол дар ҳоли тавсеа ҳастанд ва ба дастовардҳои малмусе дар бахши тиҷорӣ ва молӣ ва дар заминаи навоварҳо ва таҳқиқоти илмии корбурдӣ даст меёбанд.
Мақомоти Русия дар замони авҷгирифтани қуръонсӯзиҳо дар Шветсия ва Дания низ ин ҳаводисро ба шиддат маҳкум карданд. Қуръонсӯзӣ дар Русия ҷурм аст.