Худованд дар ояти 3 сураи Юсуф, достони ҳазрати Юсуфро беҳтарин саргузаштҳо ва достонҳо муаррифӣ кардааст: نحَنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ أَحْسَنَ الْقَصَصِ بِمَا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ هَاذَا الْقُرْءَانَ وَ إِن كُنتَ مِن قَبْلِهِ لَمِنَ الْغَافِلِين; “Мо некӯтарин саргузаштро ба мӯҷиби ин Қуръон, ки ба ту ваҳй кардем, бар ту ҳикоят мекунем, ва ту қатъан пеш аз он аз бехабарон будиӣ”. (Юсуф, 3).
Ҳадисе аз имом Алӣ (а) ин муҳимро табйин мекунад: ان احسن القصص و ابلغ الموعظة و انفع التذكر كتاب اللَّه عز ذكره; “Беҳтарин достонҳо ва расотарин мавъизаҳо ва судмандтарин тазкираҳо, китоби Худованди Мутаол аст”.
Қисса ва достон дар тарбияти инсон саҳми бесазое дорад. Достонҳо баъзан бар асоси таърих ҳастанд. Таърих ойинаи миллатҳост ва ҳар чи бо таърих ва саргузашти пешинён ошно бошем, гӯё ба андозаи умри он мардум зиндагӣ кардаем. Ҳазрати Алӣ (а) дар номаи сию якуми Наҳҷулбалоға хитоб ба фарзандаш имом Ҳасани Муҷтабо (а) ҷумлае доранд, ки мефармоянд: “Фарзандам! Ман дар саргузашти гузаштагон чунон мутолиа кардам ва ба онҳо огоҳам, ки гӯё бо онон зистаам ва ба андозаи онҳо умр кардаам.”
Инки Қуръон ба таври ом ё достони ҳазрати Юсуф ба таври хос беҳтарин достон номида мешавад сухани бисёр қобили таваҷҷуҳе аст. Вижагиҳои як достон аст, ки онро аз соири достонҳо беҳтар мекунад. Ба унвони мисол:
Аммо вақте ба Қуръон, ки ҳовии беҳтарин достонҳост нигоҳ мекунем, ба масоиле ҳамчун тазаккур доданҳо, ёдовари қиёмат ва ҳисобрасӣ, бишорат додан ба биҳишт, тарсондан аз азоби ҷаҳаннам ва .... Бармехурем, ки ҳосили тамоми ин нукоте, ки гуфта шуд мешавад бедор шудани инсон аз хоби ғафлат.