IQNA

Тазоҳуроти мӯътаризон ба ҳимояти молиии Валт Дисней аз Исроил

22:13 - December 11, 2023
рақами хабар: 813
ИКНА - Дадҳо мӯътариз бо баргузории як роҳпаймоӣ дар Амрико, ҳимояти молии ширкати Дисней аз режими саҳюнистиро маҳкум карданд. 

Тазоҳуроти бо ҳузури садҳо мӯътариз ба ҳимояти молии ширкати Дисней аз режими саҳюнистӣ дар муқобили вурудии шарқи Дисней Ланди Амрико баргузор шуд.

Мӯътаризон аз соати 1 баъд аз зӯҳр то соати 4:30 баъд аз зӯҳр ба тазоҳурот пардохтанд, ки боис шуд идораи полис Анахайм убур ва мурури худравҳоро дар минтақа мутаваққиф кунад. Ҷон Мак Клинток, афсари полиси ин минтақа гуфт, ки тазоҳурот мусолиматомез буд ва ҳеҷ боздоште сурат нагирифт.

Ба гуфтаи Рида Ҳамида, бунёнгузори Иттиҳоди мусулмонони лотинтабор, ин иқдом аввалин тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин буд, ки дар ин минтақа баргузор шуд. Ин созмон дар канори созмонҳои ҳамчун садои яҳудӣ барои сулҳи (Jewish Voice for Peace), анҷумани исломии Оранҷ Кантӣ, ҷунбиши Black Lives Matter Лос-Анҷлес ва соири гурӯҳҳои маҳаллӣ тазоҳуротро созмонедҳӣ карданд.

Ҳамида гуфт: мардум бояд бидонанд, ки ин ширкатҳо ҳамдасти Исроил ҳастанд ва Дисней дар наслкушӣ шарики ҷурм аст.

Ширкаткунандагон тоблуҳоеро дар даст доштанд, ки рӯйи он навишта шуда буд: «шарм бар Дисней», «шодтарин макони рӯйи замин, кӯдаконро мекашд» ва «таъмини молии террорҳои Исроилро мутаваққиф кунед» , ки ба кумаки молии ахири ин ширкат ба арзиши 2 миллион доллар ба созмонҳое, ки ба Исроил кумакҳои ба истилоҳ башардӯстона мекунанд ишора дорад.

Ҳамида гуфт: Дисней аз ба расмият шинохтани ранҷи мардуми Фаластин ва маҳкум кардани наслкушии Фаластиниён худдорӣ карда ё ҳатто паёми ҳамдилона бо Фаластиниёни ирсол накардааст. Бинобар ин паёми мо ин аст: шарм бар Дисней, ки намебинад ҷони кӯдакони фаластинӣ ба андозаи дигар кӯдакон муҳим аст.

Яке аз сухангӯёни Дисней ланд гуфт: дар тазоҳуроти имрӯз, тамаркузи мо бар эминӣ ва рифоҳи меҳмонон, бозигарон, кормандон ва мӯътаризон буд ва мо аз наздик бо мақомоти амнияти умумӣ ва раҳбарони ҷомеа барои кумак ба ҳифзи назм ҳамоҳангӣ кардем. Ҳамида гуфт, дар пайи ин иқдом, се корманди Дисней Ланд ба созмондиҳандагони эътироз гуфтанд, ки пас аз иттилоъ аз кумакҳои ин ширкат ба созмонҳои имдодии Исроил, маҳалли кори худро тарк мекунанд.

Ҳамида гуфт: вақте онҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Дисней 2 миллион доллар ба Исроил медиҳад, бо вуҷуди онки худашон ҳатто тавоноӣ пардохти кирояи хонаи худро надоранд гуфтанд, ки Диснейро тарк мекунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4187215

captcha