IQNA

Олими афғонистонӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА:

Бархурди қотеи Толибон бо авомили террори уламои шиа зарурӣ аст

22:37 - December 12, 2023
рақами хабар: 816
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом Мазорӣ, мӯътақид аст ҳадафи террористҳо аз куштори уламои шиаи ин кишвар ихтилофафкании мазҳабӣ аст ва Толибон бояд дар ҷиҳати таъмини амнияти ҷомеаи шиаи ин кишвар бо омилони ҳамлаи террористӣ, қотеъона бархурд кунанд.

Маҷмӯае аз ҳамалоти ҳадафманд ба шиаёни Афғонистон дар моҳҳои ахир нигарониҳои зиёдеро дар миёни ҷомеа шиа ва Ҳазораи Афғонистон ба вуҷуд овардааст.

Танҳо дар моҳи гадшта, дар ду ҳамлаи ҷудогона дар минтақаи умдатан шиа ва Ҳазоранишин дар вилояти Ҳарот ҳамсояи Эрон, чаҳор рӯҳонии шиа ва чаҳор зан ҷон бохтанд.

Мақомҳои амниятии Толибон гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳи ношинос дар ин ҳамалот даст доштаанд. Аммо ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин террорҳоро напазируфтааст.

Пеш аз ин, гурӯҳи террористии ДИИШ дар чанд маврид масъулияти ҳамла ба шиён аз ҷумла масоҷид ва марокизи фарҳангии онҳоро ба ӯҳда гирифтааст. Ахиран дидабони ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти чанд бомбагузорӣ ва ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи Ҳазораҳо дар соли 2022 мелодиро ба ӯҳда гирифта, ки бар асари онҳо дастикам 700 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Бархе фаъолон дар ҷомеаи Ҳазора ва шиаи Афғонистон, Толибонро ба нотавонӣ дар барқарории амнияти шиаён ва Ҳазораҳо муттаҳам мекунанд. Бисёре аз шиаёни Ҳазора мӯътақиданд, ки бо омадани Толибон вазъияти амниятии онон бадтар шуда ва ҳар рӯз шиаён ҳадафи террор қарор мегиранд ва марҷае ҳам барои таъмини амнияти онон вуҷуд надорад; Толибон ҳам токунун дар ин росто кори муассире анҷом надода ва худ муттаҳам ба куштори шиаёни Ҳазора ё ризоят аз террор онҳост.

Муҳаммад Мутаҳҳарӣ, раиси Шӯрои уламои шиаи Ҳирот дар ғарби Афғонистон ба тозагӣ гуфтааст, ки дар пайи ҳамалоти ахир алайҳи шиаён ба вижа уламо, мақомоти Толибон итминон додаанд, ки барои таъмини амният, тадобири ҷиддитареро иттихоз хоҳанд кард. Вай афзуд: мақомоти Толибон ваъда додаанд, ки силоҳ ва горди амниятӣ дар ихтиёри уламои шиаи вилояти Ҳирот қарор гирад.

Раиси Шӯрои уламои шиаи Ҳирот дар бораи аҳдофи террори шиаён низ гуфт: гурӯҳҳое террористии такфирӣ аҳдофи мухталифе доранд, аз ҷумла ба думболи таҳрики ҷомеаи ташаюъ алайҳи ҳукумат ва билакс низ бадбин кардани ҳукумат алайҳи ҷомеаи шиа ҳастанд.

Таомули созандаи шиаён бо Иморати Исломӣ 

Шиаён 30 дарсад аз ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд ва пас аз ба қудрат расидани Толибон дар 15 августи 2021, бузургони шиа бо таҳлили вазъият ва дар назаргирифтани масолеҳи кишвар роҳи таомул ва созишро бо ҳукумати Толибон дар пеш гирифтаанд, ки нақши ин таомул дар ҳифзи ҳокимияти Толибон ғайриқобили инкор аст. Бидуни шак ин вазъият барои бисёре аз ҷараёнҳо матлуб нест ва мумкин аст яке аз ангезаҳои аслии ҳамалоти террористӣ алайҳи шиаён ба вижа уламо, эҷоди тағйири ҷиҳат дар сиёсати куллии шиаён дар таомул бо ҳукумати Толибон бошад.

Ҳамалоти террористӣ алайҳи шиаён ва террори уламои шиа таҳти ҳокимияти Толибон, ки мутаассифона исрор бар инкор ҳуқуқи соири мазоҳиб ба вижа шиаён ҳам доранд, душманон миллати Афғонистонро ба муваффақият дар эҷоди тазодди мазҳабӣ наздик мекунад; Лизо эҷоди ҷанги мазҳабӣ аз ҷумла аҳдофи ин ҳамалоти террористӣ метавонад бошад.

Шиаёни Ҳазора дар Афғонистон хостор ба расмиятшиносӣ «наслкшии Ҳазораҳо» аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд. Онҳо аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд, ки бо ба расмият шиносии наслкушии Ҳазораҳо, миконизмҳои вижаеро барои таваққуфи ҳамалот алайҳи ин мардум ва таъмини амнияти онҳо дар назар бигиранд.

Ричард Беннет, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид террори олимони динии шиа дар Ҳиротро маҳкум карда ва гуфтааст, ки ин террорҳоро баррасӣ мекунад, аммо дафтари Ссозмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳанӯз дар мавриди террори шиаёни ин кишвар вокунише нишон надодааст.

Ҳуҷҷатулислом Исо Мазорӣ, аз уламои шиаи Афғонистон ва раиси маркази фаъолиятҳои фарҳангии иҷтимоии Тибён дар гуфтугӯ бо ИКНА дар бораи ангезаи омилони террори шахсиятҳо ва уламои шиа дар Афғонистон гуфт: мутаассифона террорҳо дар Афғонистон бахусус дар вилояти Ҳирот дар давраи ҷумҳурӣ афзоиши зиёде дошт, аммо дар давраи Иморати Исломӣ агарчи коҳиши чашмгире дошта, аммо ҳанӯз ҳам шоҳиди террорҳое ҳастем. Мазорӣ афзуд: тарҳои ахир дар Ҳирот, ки теъдоде аз уламои шиа ҳадаф қарор гирифтанд аҳдофи хоссеро думбол мекунад.

Аҳдофи террористҳо аз террори шиаён

Вай идома дод: ҳадафи аввали террористҳо доманзадан ба ихтилофоти мазҳабӣ дар ҷомеа аст ва мехоҳанд тавре ҷилва диҳанд, ки гӯё аҳли суннат пушти ин террорҳо ҳастанд. Ҳадафи дигари онҳо эҷоди ихтилоф байн шиаён ва Имороти Исломии Толибон аст. Онҳо мехоҳанд ин талаққиро ба вуҷуд биёваранд, ки Иморати Исломӣ ҳеҷ ҷойгоҳе барои шиаён қоил нест дар ҳоле, ки аз оғоз ба кори Толибон, рафтор ва бархурди онҳо бо шиаён бисёр хуб ва инсонӣ будааст.

Вай идома дод: мо ҳанӯз фишори хоссеро аз сӯи мақомоти Толибон алайҳи шиаён шоҳид набудаем, аммо мухолифин саъй доранд шиаёнро муҷиб кунанд, ки Толибон бо шумо нест. Онҳо саъй доранд илқо кунанд, ки мақомоти Иморати Исломӣ пушти ин террорҳо ҳастанд.

Ҳуҷҷатулислом Мазорӣ, дар бораи аҳдофи дигари омилони ин ҷиноёт афзуд: террористҳо гумон мекунанд агар террори шиаён идома пайдо кунад, Ҷумҳурии Исломӣ ҳам мумкин аст дар равобити худ бо Толибон таҷдиди назар кунад. Бо таваҷҷуҳ ба инки Ҳирот ҳаммарзи бо Эрон аст тамаркузи террористҳо бар рӯйи Ҳирот қарор гирифта то робитаи Эрон ва Афғонистон тахриб шавад.

https://iqna.ir/fa/news/4187279

captcha