يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ; “Кофирон мехоҳанд нури Худоро бо нафаси худ хомӯш кунанд, аммо Худованд нури хешро комил гардонад агар чи кофиронро хуш наёяд” (Саф, 8).
Ҷамоати ҷоҳил ва бехабар, камар бастаанд, ки дар ҷаҳон он Хуршедро, ки нури осмонҳо ва замин аст хомӯш кунанд, ба сухане ё дасисае ё фитнае ё дирҳам ва диноре. Онҳо нурро дар зебоӣ ва ҳақиқат мебинанд ва мехоҳанд онро бо зулмати ҷаҳл ва зиштии хеш хомӯш кунанд.
Оре мардуме ҳастанд, ки ситораи дурахшони ҳақиқатро мебинанд ва ангушт бар он менҳанд то хомӯш шавад. Нурро дар илм ва маърифат мебинанд ва ғавғо мекунанд, ки ин ҷаҳл ва зулмат аз мо дӯр бод дар ҳоле, ки нури лаъни торикӣ аст ва торикӣ бар нур султае надорад ва агар ҳар дуро ба додгоҳи Сулаймон фарохонанд ин торикӣ аст, ки пеши Сулаймон аз нур шикоят кунад, ҳатто розӣ ба ҳозир шудан дар додгоҳ нест то нур биёяд ва сухани худро бигӯяд, зеро агар нур биёяд ӯ рафтанӣ аст ва тамоми таърихи башарият ҳикоят аз ин дорад, ки пайваста гелпораҳое саъй дар пӯшондани хуршедҳо кардаанд чунонки қарнҳо муддаиёни масеҳият, кӯшиданд то хуршеди дурахшони Қуръонро дар зери абрҳое аз дурӯғ ва иттиҳом бипушонанд.
Чӣ касоне бо нур мухолифанд? Дуздон ва роҳзаноне, ки мнхоҳанд дар торикӣ ашёи одамиёнро бидӯзданд ва ақл ва андешаи ишонро бирубоянд. Мардумонро дар торикӣ нигаҳ медоранд ва ҳар дам нигаронанд, ки чароғе дар гӯшае равшан шавад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.