IQNA

Оғози марҳалаи ниҳоии мусобиқоти байналмилалии маҷозии Қуръони Алҷазоир

22:42 - December 17, 2023
рақами хабар: 831
ИКНА - Марҳалаи ниҳоии нахустин давраи мусобиқоти байналмилалии маҷозии Қуръони Алҷазоир аз дирӯз бо мушорикати 70 мутасобиқ оғоз шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Аш-Шарқ, ин мусобиқот бо шиори «омӯзиши электроникии Қуръони Алҷазоир аз таъсис то тавсеа» ва дар чорчӯби фаъолиятҳои нахустин нишасти миллии омӯзиши Қуръон аз роҳи дури ин кишвар дар ҳоли баргузарӣ аст.

Юсуф Белмаҳдӣ, вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир тайи суханоне дар ин робита гуфт: теъдоди ширкаткунандагон дар марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот, ки дар навъи худ барои нахустин бор баргузор мешавад, ба ҳудуди 800 ширкаткунанда аз 19 кишвар расид, ки аз он ҷумла метавон ба мутасобқоне аз кишварҳои Тунис, Либиё, Австралия ва Англия ишора кард.

Вай изҳор кард: 800 ширкаткунанда аз миллиятҳои мухталиф ба муддати ду моҳ ва бо назороти асотиди дорои иҷозаномаи қироати даҳгона ва соири қироатҳо аз тариқи платформи «مقرأة الجزائر الإلكترونية: омӯзиши электрониксии Қуръони Алҷазоир» ва ба сӯрати аз роҳи дур дар ин мусобиқот ширкат карданд, ки дар ниҳоят 70 мутасобиқи воҷиди шароити ширкат дар марҳалаи ниҳоӣ рақобатҳо шуданд.

Юсуф Белмаҳдӣ афзуд: ширкаткунандагон ба сӯрати маҷозӣ ва дар риштаҳои мухталифи ҳифзи комили Қуръон бо таҷвид, ҳифзи ниме аз Қуръон бо таҷвид, тартил ва таҷвиди Қуръон бидуни ҳифз ва ... ба рақобат мепардозанд, ки нафароти бартар фардо, тайи маросиме муаррифӣ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вазири умӯри динӣ ва авқофи Алҷазоир, палатформи омӯзиши электрониксии Қуръони ин кишвар дар соли 2020 милодӣ ва дар шароити ҳамагирӣ корона бо ҳадафи омӯзиши ҳифзи Қуръон ва аҳкоми тартил ва таҷвиди каломи ваҳй ба алоқамандон роҳандозӣ шуд ва ҳамакнун 30 ҳазор нафар аз миллиятҳои мухталиф аз тариқи ин платформ ба сӯрати маҷозӣ (аз роҳи дур) ба ёдгирии Қуръон ва аҳкоми он машғӯл ҳастанд.

https://iqna.ir/00HZbJ

captcha