Бар асоси гузориши Нию-Йрк Пост, назарсанҷии Ҳарвард – Харрис, ки дар ҳафтаи ҷорӣ анҷом шуда, нишон дод, ки 51 дарсад аз амрикоиҳои 18 то 24 сола аз роҳиҳалли радикол барои муноқишаи Исроил – Фаластин ҳимоят мекунанд, ки мунҷар ба поёни давлати яҳуд ва ҷойгузинии он бо як ниҳоди фаластинии таҳти ҳокимияти Ҳамос мешавад.
Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки аз ҳар 10 амрикоӣ ҷавони 6 нафар мӯътақиданд, ки яҳудиҳо «золим» ҳастанд.
Алорағми нуфузи лобиҳои саҳюнистӣ дар Амрико, аз замони оғози ҷанги Ғазза миёни Ҳамос ва режими палиди саҳюнистӣ дар таърихи 7 октябр, тазоҳуроти густурда ва бесобиқае дар шаҳрҳои мухталифи Амрико барои ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Фаластин баргузор шудааст.
Ин назарсанҷӣ таъйид мекунад, ки дидгоҳи насли ҷадиди амрикоиҳо бисёр мутафовиттар аз амрикоиҳои насли қаблтар аст. Дар ин назарсанҷӣ 4 дарсад аз амрикоиҳои болои 65 мегӯяанд, ки Исроил бояд поён ёбад.
Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки беш аз 60 дарсади ҷавонони 18-24 солаи Амрико амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо, ки ба кушташудани 1300 шаҳракнишин ва низомии саҳюнист мунҷар шудро иқдоме дар посух ба норизоятии Фаластиниён хондаанд.
Пойгоҳи хабарии “Middle East Monitor” ахиран дар гузорише навишт, ки коршиносони амрикоӣ, ки раванди тазоҳуроти ҳимоят аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва мардуми Фаластинро баррасӣ ва думбол мекунанд, мавзӯъи афзоиши ҳимоят аз фаластиниён дар афкори умумии ин кишварро таъйид карда ва мегӯянд, ки мизони ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Амрико бисёр бештар аз режими саҳюнистӣ будааст.
https://tajikpress.com/2023/12/17/