ИКНА - Дар асри ҳозир ва дар қарнҳои гузашта миллиардҳо ҷумла дар қолаби сухан аз суханронӣ мунташир шуда, аммо матни Қуръон дорои вижагиҳое аст, ки (сухани сангине)-ро дар тавсифи худ баён кардааст. Ин тавсиф дар канори инки нузули Қуръон дар тӯли 23 сол анҷом шуда, қобили тавваҷуҳ аст.

Дар оёти ибтидоӣ сӯраи Муззамил Қуръон ба сангинии сухан тавсиф шуда,Ххудованд дар ояти 5 ин ҳақиқатро баён мекунад: إِنَّا سَنُلْقي عَلَيْكَ قَوْلاً ثَقيلا; “Чаро, ки мо базӯдӣ сухани сангине ба ту илқо хоҳем кард!” (Муззамил, 5)
Алломаи Таботабоӣ дар тафсири Ал-Мизон, ин сангин будани Қуръонро ба чанд ваҷҳ табйин карда:
- Сангин будан аз лиҳози маънавӣ: Аз ин ҷиҳат Қуръон каломи сангин аст, ки маорифе дар бар дорад, ки ҳар касе қодир ба фаҳми муҳтавои ин китоб нест. Танҳо касоне қодир ба фаҳми Қуръон ҳастанд, ки на танҳо гуноҳ, балки фикри гуноҳро ҳам намекунанд. Тибқи оёти Қуръон Имомони Маъсум (а) аз ҳар гуноҳе татҳир ва пок шудаанд: إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَ يُطَهِّرَكم تَطْهِيرًا; “Худованд фақат мехоҳад паледӣ ва гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва комилан шуморо пок созад” (Аҳзоб, 33)
Баъзе вақтҳо ин сангинӣ дар чеҳра ва ҳаракоти бадани он ҳазрат падедор мешуда ва асҳоб низ шоҳиди ин сангинӣ буданд, ҳазрати Алӣ (а) дар ин бора мефармоянд: Замоне ки сӯраи Моида бар ишон нозил шуд, Паёмбар бар шутуре савор буд. Ваҳй бар Паёмбар сангинӣ кард, батавре, ки ҳайвон истод ва шикамаш поин омад. Дар он лаҳза дидам, ки наздик буд нофи он ҳайвон ба замин бирасад.
- Сангин будани расондани маорифи эътиқодӣ ва ахлоқӣ: алломаи Таботабоӣ барои зикри сангин будани ин ваҷҳ аз Қуръон, ин оятро ба ояти дигар истинод медиҳад. Худованд дар ояти 21 сураи Ҳашр мефармояд: لَوْ أَنْزَلْنا هذَا الْقُرْآنَ عَلى جَبَلٍ لَرَأَيْتَهُ خاشِعاً مُتَصَدِّعاً مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ وَ تِلْكَ الْأَمْثالُ نَضْرِبُها لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُون; “Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, медидӣ, ки дар баробари он хошиъ мешуд ва аз хавфи Худо мешикофт! инҳо мисолҳое аст, ки барои мардум мезанем, шояд дар он бияндешед. (Ҳашар, 21)
Дар ин оят ба як ҳақиқат ишора мешавад ва он ин аст, ки Қуръон аз ҷиҳати ҳидоятӣ ҳеҷ камбӯде надорад ва аммо инки бархе аз мардум ҳидоят намешаванд, ба иллати заъфи худи онҳост.
- Сангин будани расондани паёми Қуръон дар ҷомеа ва даъвати мардум: ва ин сангинӣ аз он ҷиҳат буд, ки Паёмбари Акрам(с) дар таҳаққуқи ин амр мавриди озору азияти мушрикон ва кофарон қарор гирифтанд, ба унвони мисол: дар ин роҳ (расондани паёми Қуръон дар ҷомеа) Паёмбар ба муддати 3 сол дар Шаъби Абитолиб ба ҳамроҳи бақияи муъминон мутаҳаммили сахтӣ ва душвории фаровон шуданд. Дар ин муддат амволи ҳазрати Хадиҷаи Кубро, ки ҳомии молии Паёмбари Худо буд тамом шуд, Паёмбар ва бақияи афрод дар Шаъби Абитолиб, ҳаққи муомила ва хариду фурӯш бо ҳеҷ касеро надоштанд.
Дар ин роҳ бар сари роҳи Паёмбар хор мегузоштанд ва шикамбаи шутур бар сари он ҳазрат холӣ мекарданд, онқадр Паёмбарро азият ва озор доданд, ки ҳазрат фармуд: مَا أُوذِيَ نَبِيٌّ مِثْلَ مَا أُوذِيتُ; “Ҳеҷ паёмбаре ба андозаи ман азият нашуд”.