Ба гузориши ИКНА, раҳбари Инқилоб дар бахше аз баёнот бо истинод ба бахше аз ояти 19 сураи "Ҳашр" фармуданд: Худои Мутаол барои касоне ки ёди Ӯро фаромӯш карданд мефармояд: نَسُوا اللَهَ فَاَنساهُم اَنفُسَهُم; "Онҳо Худоро фаромӯш карданд, Худо ҳам онҳоро аз худашон ғофил кард ва мубтало ба фаромӯшӣ аз худашон кард. Ин нишондиҳандаи он аст, ки тавваҷуҳ ба худ, ҳувияти худ, хусӯсиёти худ, барои шахс, барои ҳар миллат, барои ҳар маҷмӯъае як амри лозимӣ аст."
Матни оят: «وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ»
Тарҷумаи оят: "Ва чун касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд ва Ӯ [низ] ононро дучори худфаромӯшӣ кард; онон ҳамон нофармононанд."
Дар ин оят Худованд аз бандагонаш мехоҳад ҷузви дастаи фаромӯш кардагони Худованд набошанд то худои онҳоро дучори худфаромӯшӣ накунад. Мисдоқи равшани ин дастаи афрод, мунофиқон ва риёкорон ҳастанд. Ин ҳушдор ба маънои он нест, ки Худованд фаромӯшкор аст балки бад-ин маъност, ки Худованд лутфи худро аз онон бозмедорад ва ин даста аз лутф ва инояти Парвардгор маҳрум мешаванд.
Дар воқеъ ин оят баёнгари бузургии хатар ва таҳдиди ғифлат аз ёди Худо аз сӯи инсон аст, ки боиси суқӯти инсон ба марҳалаи ҳайвонят ва ҳатто ба таъбири қуръонӣ «كَالْأَنْعامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ» ба марҳалаи пасттар аз ҳайвоният мешавад.
Касе ки Худоро фаромӯш мекунад, ба таври табиӣ фарди бероҳа, бераҳбар, беҳадаф, беқонӯн ва ғарқ дар шаҳавот аст ва тамоми аҳдоф ва амалкардаш салиқа ва мутобиқи тамоюлот ва ҳавасҳои худаш мешавад ва ин бузургтарин хатар барои инсон аст.
Раҳбари Инқилоб низ дар суханоне пиромуни ин оят мефармояд: «Инсонҳо бар асари ғафлат аз Худои Мутаол - ки рӯҳи ҳастӣ ва ҳақиқати ҳастӣ аст - аз худашон, аз дилашон ва аз ҳақиқаташон ғофил мешаванд; «نسوااللَّه فانساهم انفسهم» Имрӯз дарди бузурги башарият ин аст. Инсонҳо бо ғифлат аз Худои Мутаол, аз худашон ҳам ғофил шудаанд. Ниёзҳои инсон, ҳақиқати инсон ва аҳдофи хилқати инсон дар миёни чарх ва пари дастгоҳҳои моддӣ ба куллӣ аз ёд рафтааст.»
Ишон дар баёноти дигаре бо ишора ба вожаи «Нисён» дар Қуръон мефармояд: «Он чизе ки беш аз ҳама такон диҳанда аст, нисёни нафс аст.
Маънои нисёни нафс ин аст, ки инсон аз ҳувият ва ҳадафи вуҷӯд ва ботин ва дил ва рӯҳи худ ғифлат кунад ва дучори фаромӯшӣ шавад;
Бар ин асос аз ин оят метавон чунин натиҷагирифт, ки:
Муъминон, дар маърази ғифлат аз ёди Худо ҳастанд ва ниёз ба ҳушдор доранд.
Гоми аввали суқӯт, аз худи инсон аст, худфаромӯшӣ кайфари илоҳӣ аст.
Кайфари илоҳӣ мутаносиб бо амал аст.
Гуноҳ ва инҳироф, самараи ғафлат аз ёди Худо аст.