مَثَلُ مَا يُنْفِقُونَ فِي هَذِهِ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا كَمَثَلِ رِيحٍ فِيهَا صِرٌّ أَصَابَتْ حَرْثَ قَوْمٍ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ فَأَهْلَكَتْهُ وَمَا ظَلَمَهُمُ اللَّهُ وَلَكِنْ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ; “Тамсили ҳоли кофирон дар ончи сарфи ҳаёти дунявӣ ва ҳавоҳои нафсонӣ мекунанд, монанди боде аст сарду бурранда, ки бар киштзори қавме ки бар худ ситам кардаанд бивазад ва онро нобуд гардонад ва дар ин кори Худованд зулме ба ишон накардааст валекин онҳо худ бар хештан ситам кардаанд”. (Оли Имрон, 117)
Тамсили дигаре аст дар баёни ончи мардумон дар роҳи найли ба мақсудҳои дунявӣ сарф мекунад. Албата мақсуд сарфи умр барои таъмини зиндагии дунявӣ нест балки фаромӯш кардани зиндагии маънавӣ ва якдил ва як ҷиҳат рӯй дар дунё кардан аст вагарна агар одамӣ зиндагии дунявиро дар масири найли ба арзишҳои мутаолӣ қарор диҳад кори дунявии ӯ низ ухравӣ хоҳад буд.
Агар орифон тарки дунёро тавсия кардаанд, мақсуди онҳо парҳез аз неъматҳои дунявӣ нест, балки наҳй аз пайравии ҳавоҳои нафсонӣ ва дунёро бар охират баргузидан ва ба хотири дунё ва шуъӯни дунявӣ чун мақому сирват арзишҳои маънавиро чун адлу инсоф нодида ингоштанаст. Алоқамандӣ ба дунё агар ҳамроҳ бо муқаддам доштани дунё бар охират яъне арзишҳои мутаолӣ бошад, бисёр нописанд ва нишонаи нодонӣ аст.
Дар ҳадисе омадааст, ки: حُبُّ الدُّنْیا رَأْسُ کُلِّ خَطِیئَة мақсуд чунон ҳуббе аст, ки одамӣ ба сабаби он ҳуб, шарофати нафс ва усули инсонӣ ва рӯҳоният ва маънавиятро фидо мекунад. Дар ин оят сухан аз чунин ҳуббе аст ба дунё, ки агар одамӣ умр ва талош ва завқ ва ҳиммати худро дар пойи он нисор кард, чунон аст, ки боди замҳарир бар кишту заръе бигзарад ва онро сиёҳ ва табоҳ кунад. Ин боди сард ҳамаи омол ва орзӯҳои ситамкоронро бар бод медиҳад ва оҳе ончунон сард аз ниҳоди ишон бармеоварад, ки ба таъбири Низомӣ “Чашмаи хуршед аз он фарсуда мегардад”.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.