فَبِمَا رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنْتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ; “Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас, аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо; ва ҳангоме ки тасмим гирифтӣ, пас, бар Худо таваккул кун; бетардид Худо таваккулкунандагонро дӯст медорад». (Оли Имрон, 159).
Сухан аз ахлоқи Муҳммадӣ аст, ки аз он ба азамат ёд шуда, чунонки фармудааст: إِنَّکَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِیمٍ (Қалам, 4)
Дар ин оят, Худованд , Паёмбари Акрам (с) ва ҳамаи касонеро, ки ба хулқи хуш мерасанд ва меҳрубон ва нармху мешаванд огоҳ мекунад, ки ин хушхулқӣ худ як неъмати илоҳӣ аст ва набояд ба он мағрур шуд, балки бояд шукронаи он неъматро ба ҷой оварад.
Шукронаи ин неъмат он аст, ки аз хатоҳои мардумон даргузарад ва бар онон талаби омӯрзиш кунад ва бо ишон дар корҳо машвират намояд ва ин машвират худ бахши дигаре аз хулқи хуш ва меҳрубон аст, зеро он кас ки тарафи мушовира қарор мегирад дилаш ба муҳаббати он мушовира гарм мешавад ва эҳсоси шахсият мекунад; дар айни ҳол, ки мушовира мушорикат дар уқули дигарон ва дар нафаси худ амали ба ғоят сӯдманд аст.
Бо ин ҳама фармони Худованд ба Паёмбар ва ҳамаи мо ин аст, ки вақте баъд аз мушовира дар коре азми росих падид омад дигар тардидро бояд раҳо кард, зеро мушовира ва тардиди беш аз ҳад мумкин аст мӯҷиби парешонии зеҳн гардад, балки бояд пас аз истифода аз андешаҳо ва назароти худ ва дигарон ба тасмими ниҳоӣ расид ва он тасмими ниҳоиро бо таваккул бар Худованд ба иҷро гузорад, ки Худованд мутаваккилонро дӯст медорад. Дар соҳати фалсафӣ, таваккул имоне аст, ки одамӣ ба низоми хайр ва раҳмат дар ҷаҳон дорад, ки дар он чизеи гум ё иштибоҳ намешавад ва агар ончӣ ба дасти мост ба дурустӣ дар ихтиёри ҳӯшмандии ҷаҳонӣ супурда шавад маҳсули ниҳоӣ дуруст хоҳад буд.
Хирадмандона аст, ки одамӣ дар ҳар коре нахуст андеша кунад ва ҳар чи метавонад огоҳӣ ва хабар фароҳам кунад ва онгоҳ бо соҳибназари беғараз мушовира кунад ва пас аз он бо азми ҷазм ба амал пардозад ва таваккул ба Худои Раҳмон кунад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.