ИКНА - Қуръони Карим китоби покизае аст, ки ҷуз инсонҳои пок, касе наметавонад ба ҳақиқати ин китоб даст биёбад, аз он ҷиҳат, ки ин китоб хайри зиёде барои башар дорад ва инсонро ба роҳи рост раҳнамуд мекунад, шинохти касоне, ки метавонанд ба ҳақиқати ин китоб даст биёбанд аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.

Худованди Мутаъол дар сураи Воқеа ба яке аз авсофи Қуръон ишора карда ва дастёбӣ ба ҳақиқати онро махсӯси баъзе афрод қарор дода, Худованд дар ояти 79 сураи Воқеа мефармояд: إِنَّهُ لَقُرْءَانٌ كَرِيمٌ فىِ كِتَابٍ مَّكْنُون لَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُون; “Қатъан он Қуръони арҷманд аст. Дар китоби пинҳон, ки ҷуз покон ба он даст намезананд». (Воқеа, 77 то 79)
Дар мавриди тоҳирон ва покон дар ин оят ду ваҷҳ матраҳ шудааст:
- Таҳорати зоҳирӣ: тибқи бархе ривоёт манзур аз даст назадан дар ин оят, даст назадани бидуни вузу аст. Яъне инсонҳо барои дастзадан ба оёти Қуръон ҳатман бояд вузу дошта бошанд, чаро ки вузу боиси таҳорати ҷисм ва рӯҳ аст ва таъсири зиёде бар рӯҳ ва равони инсонҳо дорад.
Ҳазрати имом Ризо (а) мефармоянд: Худо ба вузу амр карда ва намозро бо вузу шурӯ кардааст то банда дар ҳангоми истодан дар пешгоҳи Худо ва муноҷот бо Ӯ, (дар ҳолати) пок ва тоҳир ва мутеъи амраш ва аз наҷосот ва зиштӣ пок шуда бошад.
Тибқи ин навъ аз таҳорат ҳамаи инсонҳо ба шарти вузу метавонанд Қуръонро ламс кунанд.
- Таҳорати ботинӣ: ин навъ аз таҳорат фақат барои афроди хосе аст ва шомили ҳамаи инсонҳо намешавад. Худованд дар ояте дар сураи Аҳзоб мисдоқи мутаҳҳарон ва поконро муаррифӣ мекунад: إِنَّما يُريدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَ يُطَهِّرَكُمْ تَطْهيرا; “Худованд фақат мехоҳад паледӣ ва гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва комилًан шуморо пок созад”. (Аҳзоб, 33) дар тафсири ин оят таъйини мисдоқи Аҳли Байт аз ҳамсари Паёмбар ривоят шудааст, ки: Расули Худо (с) дар хонаи ӯ абое бофти Хайбар ба рӯи худ кашид ва хобида буд, ки Фотима аз дар даромад, дар ҳоле ки зарфи ғизо бо худ оварда буд, Расули Худо фармуд: ҳамсарат ва ду писаронат Ҳасан ва Ҳусайнро садо бизан, Фотима баргашт ва ишонро бо худ оварад, дар ҳамон байн, ки доштанд он ғизоро мехӯрданд ин оят нозил шуд: إِنَّما يُريدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَ يُطَهِّرَكُمْ تَطْهيرا. Пас Расули Худо (с) зиёди ҷомае, ки дошт бар сари онон кашид, он гоҳ дасти Худро аз зери Касо берун оварад, ба осмон ишора кард ва арза дошт: бор Илоҳо! Инҳо Аҳли Байти ман ва хоссони ман ҳастанд, пас паледиро аз ишон биба ва татҳирашон кун ва ин каломро себор такрор кард.
Тибқи ин ривоят ва боқии ривоёте ки нақл шуда манзур аз Аҳли Байт (а) чаҳордаҳ маъсум ҳастанд, ки Худованд онҳоро аз ҳаргуна гуноҳ ҳифз карда. Пас Аҳли Байти исмат ва таҳорат ҳастанд, ки нисбат ба ҳақиқати Қуръон огоҳӣ доранд ва он поконе ҳастанд, ки ҷуз онҳо касе ба Қуръон даст намеёбад.