IQNA

Сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Қоҳира оғоз шуд

18:42 - December 24, 2023
рақами хабар: 858
ИКНА - Сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Қоҳира бо ҳузури беш аз 100 ширкаткунанда аз 64 кишвари ҷаҳон дар Дорул-Қуръони Масҷиди бузурги Миср воқеъ дар пойтахти Қоҳира дирӯз шанбе оғоз шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Қоҳира бо ҳузури беш аз 100 ширкаткунанда аз 64 кишвари ҷаҳон дар Дорул-Қуръони Масҷиди бузурги Миср воқеъ дар пойтахти Қоҳира дирӯз шанбе 23 декабр оғоз шуд. Ин мусобиқот 5 рӯз ба тӯл хоҳад анҷомид.

Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири авқофи Миср тайи суханоне дар ифтитоҳияи ин мусобиқот аз баргузории ин давраи рақобатҳо дар Дорул-Қуръони Масҷиди бузурги Миср, ки дар пойтахти ҷадид баргузор мешавад ва низ аз раисҷмҳури ин кишвар барои ҳимояти густурда аз фаъолитҳои ққръонӣ ба вижа афзоиши се баробарии маблағи ҷавоизи ин давра аз мусобиқот таҷлил ва қадрдонӣ кард.

Вазири авқофи Миср дар идома ба муаррифии талошҳои ин вазоратхона дар ростои фаъолитҳои қуръонӣ ва хидмат ба Қуръони Карим пардохт. Бахши муҳимми фаъолитҳое, ки аз сӯи ӯ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта шомили, баргузории маҳофили қуръонии мутанаввеъ, таъсиси марокизи мухталифи қуръонӣ ва интишори тафосир, тарҷумаи маонии Қуръони Карим ба забонҳои мухталиф ва осори мутанаввеъ дар ҳавзаи қуръонпажӯҳӣ будааст.

Ин мусобиқот ба манзури бузургдошти шайх Маҳмуд Алӣ Ал-Бано, қории бузурги мисрӣ, ба номи ӯ номгузорӣ шудааст.

Ин мусобиқот дар 6 бахши муҳим баргузор мешавад, ки шомили мавориди зер аст:

Бахши аввал: ҳифзи Қуръони Карим бо лаҳн ва тафсир ва дарки мафоҳими оёт барои довталабон ғайр аз имомони масоҷид, вуъоз, аъзои ҳайати илмӣ ва ҳамкорони онон, машрут бар инки син дар замони сабтином аз 35 сол бештар набошад. Дар ин бахш ба нафари аввал 300000 пунди Миср, нафари дувум 250 ҳазор ва нафари севум 200 ҳазор ҷоиза дода хоҳад шуд.

Бахши дувум: ҳифзи Қуръони Карим ва қироати он барои ғайри арабзабонон машрут бар инки син дар замони сабтном аз 30 сол бештар набошад.

Бахши севум барои навҷавонон: ҳифзи Қуръони Карим бо дарки маонии луғат ва тафсири сураи Юсуф машрут бар инки син дар ҳангом сабтном аз 12 сол бештар набошад. Дар ин бахш 200 ҳазор пунди Миср ҷоиза дода мешавад.

Бахши чаҳорум: ҳифзи Қуръони Карим бо қироат ва тафсир ва дарки мафоҳими куллии он барои эмомони ҷамоати масоҷид, вуъоз, аъзои ҳайати илмӣ ва ҳамкорони онон, машрут бар инки синни онҳо ҳангоми сабтином аз 40 сол бештар набошад. Ҷавоизи ин бахш низ, 300 ҳазор ва 250 ҳазор пунди аст.

Бахш панҷум вижаи алоқамандон ба Қуръон (ҳифзи Қуръон бо дарки маонӣ ва аҳдофи куллии он) машрут бар инки синни довталаб аз 30 сол бештар набошад. Дар ин бахш 200 ҳазор пунди  Миср ҷоиза дода хоҳад шуд.

Бахши шашум: ҳифзи Қуръони Карим аз сӯи хонаводаҳо бо дарки маонӣ ва аҳдофи куллии он машрут бар инки теъдоди аъзои хонаводаи ҳофиз аз се нафар камтар набошад дар ин бахш ба хонаводаи бартар 400 ҳазор пунди  Миср ҷоиза дода мешавад. Ширкати довталабон дар ин бахш машрут ба ин аст, ки хонавода қаблан мақоми аввали мусобиқаро касб накарда бошанд. 

Ҳамчунин чандин ҷоизаи ташвиқии 150 ҳазор пундии дигар ба ширкаткунандагон эҳдо хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4189478

captcha