IQNA

Лағви ҷашнҳои Крисмас дар Сурия барои ҳамдардӣ бо Ғазза

20:57 - December 24, 2023
рақами хабар: 859
ИКНА - Масеҳиёни Сурия эълом карданд имсол ба хотири ибрози ҳамдардӣ бо мардуми мазлуми Ғазза, ҷашнҳои Крисмасро баргузор нахоҳанд кард. 

Ба гузориши Франс 24, минтақаи марказии шаҳри Азизия дар шимоли Сурия маъмулан ҳар сол дар айёми Крисмас маҳалли барпоӣ ҷашн шлуғ ва як дарахти Крисмаси бузург будааст аст.

Аммо имсол, майдони аслӣ тақрибан холӣ аст ва ҳеҷ ороишҳои Крисмас ба чашм намехӯрад.

Мар Дианиесос Антуан Шаҳда, усқуфи аъзами католики сурёни Ҳалаб, ба хабаргузории Франс 24 гуфт: дар Фаластин, зодгоҳи Исо Масеҳ (а), мардум дар ранҷ ҳастанд.

Вай афзуд: дар Сурия ҳамаи ҷашнҳо ва маросими расмӣ дар калисоҳои худро ба манзури ҳамбстагӣ бо қурбониёни ҷиноёти режими ҷинояткори Исроил дар Ғазза лағв кардем.

Клисои католики суриҳо танҳо калисои Сурия нест, ки бо мардуми Ғазза ибрози ҳамдардӣ кардааст. Раҳбарони се калисои аслии Сурия; ортодокси юнонӣ, ортодокси суриён ва католики юнонӣ эълом карданд, ки ҷашнҳои Крисмасро лағв ва онро ба маросими мазҳабӣ маҳдуд мекунанд.

Ин се калисо дар баёнияи муштарак гуфтанд: бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ, ба вижа дар Ғазза, усқуфҳои калисо ба далели адами баргузории маросими Крисмас ва соли нав узрхоҳӣ мекунанд.

Қабл аз шурӯъи ҷанги дохилии Сурия дар соли 2011, беш аз 1,2 миллион масеҳӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд, аммо теъдоди зиёде аз онҳо пас аз оғози ҷангҳои дохилӣ аз Сурия муҳоҷират кардаанд. 

Ин даргирӣ ҷашнҳои Крисмасро камравнақ карда буд, аммо ҷашнҳо дар солҳои ахир бо кантроли муҷаддади манотиқи васее аз кишвар тавассути неруҳои давлатӣ равнақ гирифт.

Рошел Ҳаддод, як масеҳии 66 солаи сокини Димишқ гуфт, ки беш аз ду моҳ аст, ки дар ҳоли думбол кардани ахбори вайронии Ғазза аз тариқи телефони худ буда ва майле барои тазъиноти дарахти Крисмас надорад.

Дар ҷанги Исроил алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Ғазза беш аз 20 ҳазор нафар, ки бештарашон зан ва кӯдак ҳастанд ҷони худро аз даст додаанд ва даҳҳо ҳазор нафар низ захмӣ шудаанд. Таҷовузи Исроил ба Ғазза ҳамчунин мӯҷиби оворашудани садҳо ҳазор фаластинӣ шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4189596

captcha