IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 31

Дар авсофи ҳазрати Масеҳ (а)

19:17 - December 25, 2023
рақами хабар: 860
ИКНА - Масеҳ калимаи башорат аст, яъне вуҷуди ӯ тамомаш хабари хуш ва нишот ва шодмонӣ аст, ки ҷони набувват аст ва ин хабари хуш аст, ки метавонад мурдагонро зинда кунад то ба шавқи он хабар сар аз хок бароранд.

إِذْ قَالَتِ الْمَلَائِكَةُ يَا مَرْيَمُ إِنَّ اللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٍ مِنْهُ اسْمُهُ الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ وَجِيهًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمِنَ الْمُقَرَّبِينَ

“Ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям! Ҳамоно Худованд туро ба калимае аз ҷониби Худ мужда медиҳад, ки номаш Масеҳ, Исо писари Марям аст. Дар ҳоле ки дар дунё ва охират обрӯманд ва аз муқаррабон[-и илоҳӣ] аст”. (Оли Имрон, 45)

Дар ин мақом фариштагони илоҳӣ бо мардум сухан мегӯяанд ки Марям, Худованд туро башорат медиҳад ба инки яке аз калимоти худро, ки номи он калима Масеҳ аст ва ӯро Исо ибни Марям хоҳанд хонд дар дили ту меафканем ва ӯ калимае бадеъ ва зебо ва азиз ва нозанин дар дунё ва охират хоҳад буд ва аз калимоте аст, ки дар ҳарими қурби илоҳӣ ҷои хоссе дорад. Аз ин оят метавон дарёфт, ки калимоти илоҳӣ бар хилофи калимоти одамиён, мавҷудоти айнӣ ва хориҷӣ ва тааюноти гуногун ҳастианд ва он калимот худ айни маънӣ мебошанд, илло онки барои ҳидояти мардумон бар он калима исме мегузоранд то мардумон онро шиносоӣ ва бадон ишорат кунанд.

Барои мисол, дарахт яке аз калимоти раҳмати илоҳӣ аст ва ҳақиқати маънии дарахт ҳамон мавҷуди айнии хориҷӣ аст илло онки ҳар қавме дар забони худ бо асвот калимҳое сохтҳанд то бад-ин мавҷуди нозанин, ки дарахт бошад ишора кунанд. Яке мегӯяд шаҷар ва он дигарӣ мегӯяд дарахт. Инҳо ҷуз ном нест, калимаи дарахт ҳамон аст, ки дар саҳро мушоҳида мешавад.

Муҳиддин ибни Арабӣ, ҳамаи Паёмбаронро калимоти илоҳӣ дониста ва аз ҳар калимае ҳикмати чун гавҳар бароварда ва он гавҳарро дар китобе бо унвони «Ҷавоҳироти Ҳикмат» ба аҳли маърифат арза кардааст.

Масеҳ калимаи бишорат аст яъне вуҷуди ӯ тамомаш хабари хуш ва нишот ва шодмонӣ аст, ки ҷони нубувват аст ва ин хабари хуш аст, ки метавонад мурдагонро зинда кунад то ба шавқи он хабар сар аз хок бароранд.

Албатта ҳар паёмбаре оварандаи он хабари хуш ҳаст. Мазҳари томи ин башорат ва нубувватро Муҳиддини Арабӣ, дар вуҷуди мубораки ҳазрати Исо ниҳодааст. Ва албатта дар бахши дигаре аз китоби худ, мақоми Муҳаммад (с)-ро фардият ва ягонагии хос бахшидааст.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha