IQNA

Қуръон чист? / 20

Китобе, ки ниёзҳои фикрии инсонро рафъ мекунад

21:28 - December 26, 2023
рақами хабар: 868
ИКНА - Дар ботини тамоми фарзандони одам вижагии шинохташудае вуҷуд дорад, ки гоҳ боисмешавад мағруртарин афрод ба хорӣ ва зиллат биафтад ва эҳсоси аҷз ва нотавонӣ кунад. Ин вижагӣ чист ва чигуна метавон онро бартараф кард?

Вақте сӯҳбат аз инсон ба миён меояд муҳимтарин муаллифае, ки метавон барои ин мавҷуди зинда ном бурд, ниёз аст! инсон мавҷуде аст, ки дар ҳеҷ даврае аз зиндагии худ мустақил набуда ва дар ҳамаи давраҳо ниёзманди қудрати болотар аст; Дар замони навзодӣ ва кӯдакӣ ниёз ба муҳофизати падар ва модар ва аз замони навҷавонӣ то пирӣ ҳам ниёзманди чизҳои дигаре аст. Пас дар воқеъ танҳо чизе, ки дар зиндагии инсон тағйир намекунад ниёзи ӯст.

Бартараф кардани ниёз, бастагӣ ба шинохти инсон аз он дорад. Ба унвони мисол инсон ниёз ба хӯрдан ва ошомидан дорад, аммо ҳеҷгоҳ ин ниёзро бо ошомидани оби дарё ё хӯрдани зуболаҳои даруни шаҳр бартараф намекунад. Ба ин далел, ки инсон медонад ошомидани оби дарё гарчи ташнагии ӯро рафъ мекунад, аммо ниёзи ташнагӣ ба сурати комил рафъ нашавад ва ин метавонад мунҷар ба бурузи мушкилот шавад.

Пас дар воқеъ инсон ба қудрат ниёзманд аст, ки ба сурти комил ниёзҳои уро бишносад ва ба василае ниёз дорад, ки ба таври комил онро рафъ кунад! Худованди Мутаол китоберо нозил карда, ки ниёзмандиҳои инсонро ба таври комил мешиносад ва агар мардум ба тафсире, ки Аҳли Байт (а) аз он ироа дода амал кунанд ба беҳтарин ваҷҳи ниёзҳои онҳо рафъ хоҳад шуд.

Тибқи як тақсимбандӣ ниёзҳои инсон ба ду гуна тақсим мешавад:

  1. Ниёзҳои дунявӣ: Қуръон барои ниёзҳои дунявии инсон аз хӯрдан ва нӯшидан гирифта то талош барои доштани як ҷомеаи солим ва холӣ аз фасод ва фаҳшо тавсияҳое дорад, ки амал ба он боиси рафъи онҳо мешавад; Ба унвони мисол:
  • Наҳйи аз камфурӯшӣ барои бароварда кардани ниёз ба як ҷомеаи солим: Худованд дар сураи Мутаффифин, камфурӯшонро муаррифӣ карда ва ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки агар ба ин кор идома диҳанд дар қиёмат ба ҳисоби онҳо хоҳад расид: وَيْلٌ لِلْمُطَفِّفينَ الَّذينَ إِذَا اكْتالُوا عَلَى النَّاسِ يَسْتَوْفُونَ وَ إِذا كالُوهُمْ أَوْ وَزَنُوهُمْ يُخْسِرُونَ أَ لا يَظُنُّ أُولئِكَ أَنَّهُمْ مَبْعُوثُون‏; “Вой бар кам‏фурӯшон! онон, ки вақте барои худ паймона ме‏кунанд, ҳаққи худро ба таври комил мегиранд, аммо ҳангоме, ки мехоҳанд барои дигарон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд! Оё онҳо гумон наме‏кунанд, ки барангехта ме‏шаванд” (Мутаффифин, 1то 4)
  1. Ниёзҳои ухровӣ: инсон барои расидан ба саодати абдӣ ва сокин шудан дар биҳишт барин ниёз дорад, ки аъмоли солеҳ ва савоб барои охират ҷамоварӣ кунад. Агар ин ниёз бартараф нашавад табиӣ аст, ки ҳисоб ва китоби ӯ пас аз марг ба мушкил хоҳад хӯрд. Қуръон мардумро аз ин ҳақиқат мутталиъ карда ва борҳо ба онон ин ҳақиқатро ёдоварӣ мекунад: « سابِقُوا إِلى‏ مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَ جَنَّةٍ عَرْضُها كَعَرْضِ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ; “Ба пештозед барои расидан ба мағфирати Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он монанди паҳнои осмон ва замин аст”.
captcha