إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللَّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِنْ قَرِيبٍ فَأُولَئِكَ يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا
“Ҳамоно, ки Худованд танҳо тавбаи касонеро мепазирад, ки амал ношоистеро аз рӯи нодонӣ муртакиб шаванд ва пас аз огоҳӣ зуд тавба кунанд. Ишон касоне ҳастанд, ки Худо ба сӯяшон бозмегардад ва тавбаи ишонро мепазирад ва Худованд (бар ҳама чиз) доно ва (ба масолеҳи халқ) басир аст. (Нисо, 17)
Чӣ ширин аст оштӣ пас аз қаҳр ва висол пас аз ҳиҷрон ва чӣ саҳл аст кор бо каримон, ки роҳи тавбаро пайваста боз мегузоранд.
Дар ин мақом Худованд шароити тавбаи мақбулро баён фармудааст, ки аввалан шахс агар кори зиште кардааст он аз рӯи амд ва душманӣ бо ҳақиқат набуда бошад, балки иллати он ҷаҳл ва бехабарӣ ва ғалабаи васвоси нафсонӣ бошад. Дувум онки нишонаи садоқат дар тавба ин аст, ки бисёр зуд пас аз огоҳӣ ва тағйири нигоҳ, одамӣ тавба кунад на онки солҳо кори накӯҳидаеро ҳамчунон идома диҳад ва албатта ин гуна ҷаҳолатҳо дер намепояд зеро агар шахс содиқ бошад аз инсонҳои солеҳ ва ҳаким ба зиштии кори худ пай мебарад.
Бинобар ин чунин касоне, ки надониста кори накӯҳидае анҷом диҳанд ва ба маҳзи хабар шудан аз он тавба кунанд ва бозгарданд Худованд низ ба сӯи онҳо боз мегардад.
Чунонки одамӣ чӣ босаодат аст, ки тавбаро мепазирад ва чӣ фурсати тилоӣ аст, ки мо метавонем китоби вуҷуди худро аз иштибоҳот пок кунем ва чӣ омӯзгори меҳрубоне аст, ки моро дар ҷаласаи имтиҳони олам нишонда ва эълом кардааст метавонед ба ҳар китобе муроҷиа кунед аз ҳар касе мехоҳед на пинҳонӣ балки бо садои баланд бипурсед ва мушовира кунед ва ҳар рӯз варақаи имтиҳонро бо ҷавоб аз мо мегиранд боз фардо як варақаи нав ва як рӯзи нав медиҳанд. Чиқадр бояд он донишомӯз, кунадзеҳн ва беистеъдод бошад, ки бо ин ҳама имконот натавонад имлои ҳастии худро тасҳеҳ кунад, ки инсониятро бо чӣ менависанд. Мусалламан бо дурӯғ наменависанд. Пас дурӯғро аз зиндагии худ хатбизанем ва бинависем «рост бояд гуфт: ва бе инсофиро хатбизанем ва бнависем: «инсоф бояд дошт».
Орифон дар таърифи тавба суханони латифе гуфтаанд, аз ҷумла Бушанчӣ, орифи машҳур гуфтааст: «Ҳаргоҳ гуноҳро ба хотир овардӣ ва дигар лаззат ва шодии онро дар ком наёфтӣ он тавба аст» ба иборати дигар, ҳақиқати тавба он аст, ки инсон аз мартабае, ки дар он гуноҳ кардааст ба мартабаи дигаре иртиқо ёбд, ки дар он мартабаи сонӣ он гуноҳро ҷое ва ҷозибае нест.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.