Ҳазрати Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға, ба бархе аз сифоти онон ишора карда ва то ҳудуде масодиқи онро ошкор карда. Ишон дар хутбаи 154 Наҳҷулбалоға мефармоянд: «فِيهِمْ كَرَائِمُ الْقُرْآنِ وَ هُمْ كُنُوزُ الرَّحْمَنِ; “Дар ҳаққи ишон аст оёти Карими Қуръон. Онон ганҷинаҳои Худои Раҳмонанд”.
Ҳазрати Алӣ (а), ки барҷастатарин саҳобаи Паёмбар (с) буданд дар ҷумалоти қабл аз ҷумлае, ки болотар зикр шуд манзур аз мухотабон ва масодиқро мушаххас мекунад: Ишон мефармоянд: «Мо чун пираҳан, ки ба тан часбидааст ба набувват наздикем, мо ёрони набувват ва ганҷинадорони набувват ва дарҳои вуруд ба набувват ҳастем ва...». Сипас ба сифоти онон ишора мекунанд, ки яке аз он сифот ин аст, ки оёти каримаи Қуръон дар мавриди онон нозил шуда.
Бо инки ҳазрати Алӣ(а) то ҳудуде мисдоқро равшан карда ва худашонро ҷузъи яке аз ин масодиқ ба ҳисоб оварда, аммо бозҳам манзур аз иборати «Мо ҳастем...» мушаххас нест. Чунонки метавонад манзур аз (мо) дар инҷо саҳобаи Паёмбар бошанд ба ин иллат, ки Имом Алӣ ҳам ҷузъи саҳобаи Паёмбар ба шумор мерафт.
Аммо бо таваҷҷуҳ ба ояти Татҳир ва аҳодиси дигаре, ки дар ин бора аз Аҳлу Байт (а) ворид шуда метавон натиҷа гирифт, ки манзур аз (мо) дар ин хутба Аҳли Байти Паёмбар (с) ҳастанд ва онон ҳастанд, ки оёти каримаи Қуръон дар мавриди онон нозил шуда. Худованд дар ояти Татҳир мефармоянд: « إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا; “Худованд фақат мехоҳад палидӣ ва гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дӯр кунад ва комилан шуморо пок созад”. (Аҳзоб, 33)
Дар зайли ин оят ривояоте ворид шуда, ки зикри онҳо манзури оятро равшан менамояд, ба унвони мисол: Абдуллоҳ ибни Касир аз имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар мавриди шаъни нузули ин оят савол пурсида ва имом дар ҷавоб фармуда: Ин оят дар шаъни Паёмбар (с), имом Алӣ(а), ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (а) нозил шуда. Замоне, ки Паёмбар даргузашт, ҳазрати Алӣ (а) имом шуд, баъд аз ишон Ҳасан ва баъд аз ишон Ҳусайн (а) имом шуданд. Сипас таъвили ояти وَ أُولُوا الأَرحامِ بَعضُهُم أَولي بِبَعضٍ; “Хешовандон нисбат ба якдигар дар китоби Худо сазовортранд”. (Анфол, 75) иҷро шуд ва Алӣ ибни Ҳусайн (а) имом гардид сипас ин ҳукм дар аимма, ки аз насли Алӣ ибни Ҳусайн ҳастанд ва яке пас аз дигарӣ ҷонишин ва васӣ буданд, ҷори шуд. Пас итоат аз онон ба манзилаи итоат аз Худо ва нофармонӣ аз онон ба манзилаи нофармонӣ аз Худост.
Чунонки зикр шуд имом интихобшуда аз тарафи Худованди Мутаол буда ва баъд аз шаҳодати имом қаблӣ, фарзанди ишон ба мақоми имомат мерасиданд. Дар ин мавзӯъ қабл аз онки баҳси хешовандӣ матраҳ бошад баҳси хости илоҳӣ матраҳ аст.
Бо мабно қарор додани ин ривоят метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки мухотабони Қуръон панҷ тан ҳастанд, ки шарҳи ҳоли ишон баён шуд.