IQNA

Дуо дар суннати ҳазрати Марям

18:19 - January 01, 2024
рақами хабар: 889
ИКНА - Дуо илова бар инки таъсири зиёде дар тарбият дорад ҳангоме, ки тавассути инсонҳои парҳезкор ва пок анҷом мешавад таъсири он чанд баробар мешавад. Аз ин рӯ баррасии равиши тарбиятии дуо дар достони ҳазрати Марям аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Яке аз равишҳое, ки дар тарбияти қуръонӣ мавриди баҳсу баррасии донишмандон қарор гирифта дуо ва ниёиш ба даргоҳи Худованд аст. Мабҳаси дуо дар мактаби тарбиятии Ислом онқадар густурдааст, ки метавон онро ба унвони як фарҳанг талаққӣ кард, ки дорои осор ва баракоти бисёре дар зиндагии инсон аст.

Дуо аз равишҳои муассир дар тарбият аст, ки осори маънавии бисёре дорад дуо маҳкамкунандаи робитаи Худо бо инсон аст ва асаре беҳтар аз ин барои ҳеҷ амале қобили тасаввур нест. Худованд дар Қуръони Карим арзиши инсонҳоро ба таносуби дуоҳояшон медонад: قُلْ مَا يَعْبَأُ بِكُمْ رَبِّي لَوْلَا دُعَاؤُكُمْ فَقَدْ كَذَّبْتُمْ فَسَوْفَ يَكُونُ لِزَامًا; “Бигӯ: Парвардигорам барои шумо арҷе қоил нест агар дуои шумо набошад; Шумо (оёти Худо ва Паёмбаронро) такзиб кардед, ва (ин амал) домони шуморо хоҳад гирифт ва аз шумо ҷудо нахоҳад шуд”. (Фурқон, 77)

Дуо ба унвони як равиши тарбиятӣ ба худ огоҳӣ ва талош барои пок кардани нафс аз зиштиҳо, ба ёд Худо будан ва ёдоварии анҷоми вазоиф барои анҷоми таколиф ва таваҷҷуҳ ба низоми хилқат ва ҳамоҳанг шудан бо он меанҷомад. Нуктае, ки лозим ба зикр аст, он аст, ки дуо дар Ислом барои фирор аз масъулият нест балки ҳамгом бо тааҳҳуди иҷтимоӣ ва анҷоми масъулияти зиндагии фардӣ аст ва ба талоши бештари фард меанҷомад. Дуо дар айни ҳол, ки оромиш мебахшад, сабаби барангехтани фаолиятҳои мағзӣ ва шукуфоӣ шахсият мегардад.

Дар достони ҳазрати Марям, дуо нақш ва осори тарбиятии фаровоне дорад. Ҳамонтавр, ки дуои холисонаи модари Марям дар ҳаққи ӯ ва фарзандаш мавриди иҷобат қарор мегирад: إِذْ قَالَتِ امْرَأَتُ عِمْرَانَ رَبِّ إِنِّي نَذَرْتُ لَكَ مَا فِي بَطْنِي مُحَرَّرًا فَتَقَبَّلْ مِنِّي  إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ; “(Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки ҳамсари «Имрон» гуфт: «Худовандо! Ончиро дар раҳм дорам, барои ту назр кардам, ки « муҳаррар» (ва озод, барои хидмати хонаи Ту) бошад. Аз ман бипазир, ки Ту шунаво ва доноӣ!” (Оли Имрон, 35).

Ҳамчунин дар ҷои дигаре модари ҳазрати Марям ӯ ва наслашро аз шарри шайтон ба Худо паноҳ медиҳад: وَإِنِّي سَمَّيْتُهَا مَرْيَمَ وَإِنِّي أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ; “Ман ӯро Марям номгузордам; Ва ӯ ва фарзандонашро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда, дар паноҳи Ту қарор медиҳам”. (Оли Имрон, 36)

Модари ҳазрати Марям бо дархост аз Худо ва бо иқрор ба шунавоӣ илми густардаи илоҳӣ ва эҳсоси ҳузур дар пешгоҳи Худованд одоби дуоро риоят кардааст.

captcha