
Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Тавосул", вазорати умури исломӣ ва даъват ва иршоди Арабистон бо ҳамкории камиссияи салтанатии "Алҷабил" ва "Янбуъ" намоишгоҳе бо унвони "Ассаҳфушшариф"-ро дар маркази хариди Галлерия дар шаҳраки санъатии "Алҷабил" ифтитоҳ кард. Ин намоишгоҳ ба муддати 14 рӯз ба кори худ идома медиҳад.
Ин вазоратхона ҳадаф аз роҳандозии ин намоишгоҳро хидмат ба Ислом ва муслимин ва эҳтимом ба Қуръони Карим ва масоҷид дар ростои рисолати ин вазоратхона барои тарвиҷи арзишҳои исломӣ баён кардааст.
Ин намоишгоҳ дар аввалин рӯзи худ шоҳиди ҳузури густурдаи боздидкунндагон буд, ки бо мароҳили чоп ва интишори Қуръон ва чигунагии истифода аз фановариҳои рӯз барои хидмат ба китоби Худо дар муҷтамаъи чопи Қуръони Малик Фаҳд дар Мадинаи Мунаввара ошно шуданд.
Хадаф аз баргузории намоишгоҳ ин аст, ки боздидкунндагон аз талошҳои Арабистон дар заминаи нашр ва чопи Қуръони Карим ошно шаванд ва бо абзорҳо ва техналогияи хос ва созукор ва мароҳили мухталифи чопи Қуръони Карим ошноӣ пайдо кунанд.
Ҳамчунин китобхонаи Маккаи Мукаррама бо намоиши нусхаҳои хаттии қадимӣ дар ин намоишгоҳ ширкат кардааст. Аз муҳиммтарини онҳо метавон ба нусхаҳое, ки дар соли 1270 ҳиҷрии қамарӣ навишта шудааст, нусхаи хаттии Шотибия Ҳирз ал-Амонӣ, ки дар соли 724 ҳиҷрии қамарӣ навишта шудааст ва нусхаи хаттии адъияи имом Нававӣ, ки дар соли 786 навишта шудааст ва соири нусхаҳои қадимии дигар ишора кард.
Дар ин намоишгоҳ маҷмӯае аз китобҳои чопи муҷтамаъи Малик Фаҳд, нусахи хаттии қадимӣ ва фановариҳои рӯз ба намоиш гузошта шудааст.
https://iqna.ir/fa/news/4141739