
Сураи “Тавба” ё “Бароат” нӯҳумин сураи Қуръони Карим аст, ки 129 оят дорад. Тавбаро яке аз сураҳои маданӣ медонанд, ки дар ҷузъҳои даҳум ва ёздаҳум қарор гирифтааст. Дар тартиби нузул, сад ва чаҳордаҳумин (охирин) сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Вожаи “Тавба” дар забони арабӣ ба маънои бозгашт ва дар истилоҳи Қуръон, ба маънои бозгашт аз гуноҳ ба сӯи Худованд аст. Номгузории ин сура ба далели сухан гуфтан аз тавба дар оёти мутааддиди он аст. Аз муҳиммтарин вижагии ин сура он аст, ки бидуни "Бисмиллоҳир-рахмонир-раҳим" оғоз мешавад.
Аслитарин мавзӯъи ин сура, масъалаи тавба аст ва роҳкорҳои барои тавбаи воқеӣ ва бозгашт аз ширк ба имон ва таваҷҷӯҳ ба мавзӯъоти монанди намоз, закот ва ҷиҳодро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.
Ҳамчинин маҷмӯае аз гуноҳон монанди дунёдӯстӣ, таносоӣ, найранг, манфаатгароӣ, фурсатталабӣ ва дурӯғпардозиро матраҳ мекунад, ки маъмулан аз «гуноҳони кабира» ба шумор намеоянд ва маъмулан бо иддаои мусулмонӣ ва тазоҳур ба диндорӣ ҳамроҳ мешаванд; Дар Қуръони Карим ин рафторҳо мисдоқи «фисқ» ва «куфр» аст.
Сураи Тавба дастур барои қатъи иртибот бо мушрикон ва мунофиқон аст; Вале роҳи тавбаро барои онон боз мегузорад. Ин сура ба муъминон дастур медиҳад агар атрофиёнатон мушрик ҳастанд, аз онҳо дӯрӣ кунанд ҳамонгуна, ки ҳазрати Иброҳим(а) аз падараш дӯрӣ ҷуст.
Аз дигар мавзӯъоти сураи Тавба, ишора ба масҷиди “Зирор” аст; Масҷиде, ки тавассути мунофиқон барои эҷоди тафриқа дар миёни мусулмонон сохта шуда буд ва ба дастури Паёмбар тахриб шуд.
Калидвожаҳо: Қуръони Карим, сураҳои Қуръон, 114, Тавба, сураи Тавба, Бисмиллоҳ, масҷиди Зирор.