IQNA

Хатиби ҷумъаи Теҳрон матраҳ кард:

ДИИШ; Сохташуда ва парваришёфтаи Амрико ва режими саҳюнистӣ аст

11:39 - January 06, 2024
рақами хабар: 911
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Хотамӣ, дар хутбаи дуввуми намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷинояти террористии Кирмон гуфт: дуруст аст, ки ДИИШ баёния дода ва ҷинояти террористии Кирмонро гардан гирифта вале ДИИШ кист? ДИИШ сохташуда ва парваришёфтаи Амрико  ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ аст. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин, Сайид Аҳмади Хотамӣ, бо ишора ба ҷиноятҳои душманон ва террористҳо гуфт: дуруст аст, ки ДИИШ баёния дода ва ин террорро ба гардан гирифта вале ДИИШ кист? ДИИШ сохташуда ва парваришёфтаи Амрико аст ва Трамп дар мунозироти телевизионӣ ба Клинтон борҳо гуфт шумо ДИИШ-ро сохтед ва ӯ ҳарфе барои гуфтан надошт ва нуктаи дигар инки неруҳои ДИИШ дар бемористонҳои режими палиди саҳюнистӣ дармон мешуданд ва лизо ДИИШ парваришёфта ва лаълим дидаи Амрико ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ аст. 

Узви ҳайати раиси маҷлиси Хубрагон идома дод: ин қиссаи ДИИШба навъе интиқом аз касе аст, ки нобуди хилофати худхондаи ин гурӯҳаки террористиро рақам зад; Касе, ки ба ҷуръит гуфт се моҳи дигар асаре аз ДИИШ нахоҳад буд ва дар инҷо мегӯям ба умеди Худо боқимондаи ин гурӯҳаки террористӣ бо кумак мардум аз байн хоҳад рафт ва асаре аз он боқӣ намемонад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Хотамӣ баён кард: хуни мазлум аз ҷӯшиш нахоҳад афтод. Кӯдак чӣ гуноҳе дошта? Навҷавононе, ки умедҳо барои оянда доштанд чӣ гуноҳе доштаанд? Бонувон чӣ гуноҳе доштаанд? Ин хунҳо аз ҷӯшиш нахоҳанд афтод. Ҳамаи масъулон қавли интиқомро додаанд ва акнун аз забони масъулони мӯҳтарам мегӯям, ки интиқоми ин хунҳо гирифта хоҳад шуд.

https://kerman.iqna.ir/fa/news/4192106

captcha