Ба гузориши ИКНА ба нақл аз веб-сайти шабакаи Ал-Кавсар, сабти ном барои ширкат дар мусобиқаи қуръонии مفازاً аз 3 январ ҳамзмон бо солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) оғоз шудааст ва то 25 январ, солрӯзи вилодати Имом Алӣ (а) идома хоҳад дошт.
Алоқамандон ба ширкат дар ин мусобиқот метавонанд бо муроҷиа ба нишонии:
Дар ин рақобат сабти ном ва саволоти худро аз тариқи шумораи 00989108994025 дар шабакаҳои иҷтимоии Ватсап ва Телеграм барои барнома ирсол кунанд.
Алоқамандон ба ширкат дар ин мусобиқа бояд файли савтӣ аз тиловати худ ба муддати ду ило се дақиқа аз яке аз мақотеи зайлро омода ва ирсол кунанд; Ин тиловат меъёри арзёбӣ ва таъйини сатҳи ширкаткунанда хоҳад буд.
Сураи Анъом оёти 161 то 165
Сураи Аъроф оёти 143 то 144
Сураи Ҳуд оёти 110 то 115
Асомии 96 нафар аз мутақозиёни ширкат дар мусобиқа, ки болотарин имтиёзро ба даст меоваранд, пеш аз оғози моҳи мубораки Рамазон эълом хоҳад шуд.
Таърих ва мақтаъи тиловати нафароти баргузида марҳалаи аввал бар асоси қуръа ба ишон иблоғ хоҳад шуд ва ҳар қорӣ танҳо се рӯз фурсат хоҳад дошт тиловати тасвирии худро ирсол кунад то дар пахши зиндаи марҳалаи ниҳоӣ мусобиқот, ки моҳи мубораки Рамазон баргузор хоҳад шуд, аз сӯи доварони байналмилалӣ мавриди қазоват қарор бигирад.
Мусобиқаи байналмилалии телевизионии қироати Қуръони «إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ مَفازاً» ҳар сола ба муносибати моҳи мубораки Рамазон аз шабакаи моҳвораӣ Ал-Кавсари Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.