IQNA

Ҳамиди Маҷидимеҳр баён кард:

Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон ба гуфтумони ғолиб миёни мардум табдил шудааст

21:42 - January 09, 2024
рақами хабар: 929
ИКНА - Раиси маркази умури қуръонии Созмони авқоф ва умури хайрия бо баёни инки мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим рӯйдоди бузурге аст, ки ифтихори низоми ҷумҳурии исломӣ ба шумор меояд, гуфт: ин мусобиқот акнун ба гуфтумони ғолиб дар миёни мардум табдил шуда ва аз назари кайфӣ дар масири хубе қарор гирифтааст.

Ба гузориши равобити умумии Созмони авқоф ва умури хайрия, нишасти ситоди баргузории чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон, 8 январ бо ҳузури ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ғуломризо Одил, муовини фарҳангӣ ва иҷтимоӣ Созмони авқоф ва умури хайрия, Ҳамиди Маҷидимеҳр, раиси маркази умури қуръонии Созмони авқоф ва умури хайрия ва ҷамъе аз мудирони ин Созмон баргузор шуд.

Дар бахше аз ин нишаст ҳуҷҷатулислом валмуслимин Одил дар суханоне бо ишора ба таҷрибаи хуби баргузории мусобиқоти саросарии Қуръон дар Буҷнурд, гуфт: бо баррасӣ дар оёти Қуръон дармеёбем, ки дар ин китоби мубин, 90 оят дар бораи худи Қуръон аст, ки ба табйин пардохта ва мухолифонро ба мубориза талабидааст. Бахши зиёде аз ин маворид дар мавриди тадаббур дар оёт аст ва инки бояд ба онҳо амал шавад.

Фаннитарин ва расонаитарин мусобиқоти Қуръон

Бар асоси ин гузориш дар идомаи ин нишаст, Ҳамиди Маҷидимеҳр, раиси маркази умури қуръонии Созмони авқоф ва умури хайрия низ ба баёни суханон пардохт ва гуфт: дар заминаи баргузории мусобиқоти Қуръон иддаои бо собиқтарин баргузоркунандаи мусобиқотро надорем, аммо дар ин замина ҷузъи фаннитарин ва расонаитарин баргузоркунандагони мусобиқоти Қуръон ҳастем. Дар ҳоли ҳозир кишвари Малайзия бо баргузории 62 давра баргузории мусобиқот дар ин замина пештоз аст. 

Вай бо баёни инки баргузории мусобиқоти Қуръон дар Эрон дар айёми корона низ таътил нашуд, унвон кард: дар давраҳои ахир беш аз 40 шабакаи байналмилалии мусобиқоти Қуръонро ҳамроҳӣ карданд ва имсол бо 60 шабакаи байналмилалӣ корро дар ҳавзаи расонаӣ пеш хоҳем бурд. Дар ҳавзаи дохилӣ низ ҳамкории расонаҳо дар давраҳои гузашта хуб будааст.

Маҷидимеҳр афзуд: мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим рӯйдоди бузурге аст, ки ифтихори низоми ҷумҳурии исломӣ аст. Ин мусобиқот токунун фароз ва фурудҳои зиёде дошта, хушбахтона бо дирояти риёсати мӯҳтарами Созмони авқоф табдил ба гуфтумони ғолиб шуда ва аз назари кайфӣ дар масири хубе қарор гирифтааст.

Аббос Лаҳросибӣ, мудири кулли равобити умумии Созмони авқоф ва умури хайрия низ ба баёни нукоте пардохт ва гуфт: Мо эрониҳо асосан ҷомеае бонишот ва сарзинда ҳастем ва шоҳиди он ҷашнҳои зиёде аст, ки дар фарҳанги мо вуҷуд дорад. Қуръон фазли Худованд ба башар барои омӯхтан роҳ ва расми шоди зистан аст. Дар ҳамин росто пешниҳод мекунам мусобиқоти Қуръонро дар фазое шодтар баргузор кунем.

Бар асоси ин гузориш, дар поёни ин маросим, аҳкоми аъзои ситоди чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим эъто шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4192852

captcha