ИКНА - Сураи муборакаи Ҳамд танҳо сурае аст, ки саросари он дуо ва муноҷоти бо Худост; Дар бахши нахуст сухан аз Ҳамд (ва санои) Парвардигор аст ва дар бахши дигар ниёзҳои банда баён мешавад.

Ин сура дар «Макка» нозил шуда ва дорои ҳафт оят аст. Вижагиҳои сураи Ҳамд дар як баёни мухтасарро метавон ба шарҳи зер баён кард:
Мӯҳтаво ва фазилати сура
Аз як назар ин сура ба ду бахш тақсим мешавад, бахше аз ҳамд ва санои Худо сухан мегӯяд ва бахше аз ниёзҳои банда ҳарф мезанад. Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) михонем: Худованди Мутаол фармудааст: «Ман сураи Ҳамдро миёни худ ва бандаам тақсим кардам; Ниме аз он барои ман ва ниме аз он барои бандаи ман аст. Бандаи ман ҳақ дорад ҳар чиро мехоҳад аз ман бихоҳад».
Дар фазилати ин сур аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи нақл шуда: «Ҳар мусулмоне сураи Ҳамдро бихонад подоши ӯ ба андозаи касе аст, ки ду севуми Қуръонро хонда (ва тибқи нақли дигаре подоши касе аст, ки тамоми Қуръонро хонда бошад) ва гӯӣ ба ҳар фарде аз мардон ва занони муъмин ҳадяҳое фиристодааст».