Ба гузориши манобеи хабарӣ, бошгоҳи Анталияспори Туркия эълом кард, Сагио Ехзекал (Sagiv Jehezkel), бозикуни исроилӣ ба далели рафтори хилофи арзишҳои миллӣ аз таркиби ин тим канор гузошта шуд.
Тим Анталияспор дар баёнияе эълом кард, ки Сагио Ехзекал пас аз голи дақиқаи 68 худ дар бозӣ бо Трабзонспор, бо нишон додани мучбанди худ, ки бар рӯи он ҷумлае дар ҳимоят аз Исроил навишта шуда буд, амали хилофи арзишҳои миллии кишварамон анҷом додааст ва дар посух, ҳайати мудира тасмим гирифтааст, ки вайро аз ҳузур дар мусобиқот ҳазф кунад.
Анталияспор таъкид кард мавзеъи ин бошгоҳ равшан аст ва бошгоҳ бидуни таваҷҷуҳ ба мавзӯъи қаҳрамонӣ, рафтореро, ки бархилофи ҳассосиятҳои кишвар аст, таҳаммул нахоҳад кард.
Дар баёнияи ин бошгоҳ омадааст: тасмим барои аввалавият додан ба арзишҳои миллӣ бар дастовардҳои варзишӣ, аҳамияти ҳифзи ваҳдат ва эҳтиром ба усули кишварро нишон медиҳад.
Йилмаз Тунҷ, вазири додгустарии Туркия дар пусти онлайн гуфт: дафтари додситони умумии Анталия таҳқиқоти қазоиро алайҳи Сагио Ехзекал, футболисти исроилӣ ба далели таҳрики умумӣ ба нафрат ва ҷашни гирифтани нафратангезии ӯ ба нафъи қатли оми Исроил дар Ғазза оғоз кардааст. Аз сӯи дигар гуфта мешавад дафтари нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба думболи озод кардани ин бозикуни футбол аст.
Аз 7 октябр, Исроил ҳамалоти беамони ҳавоӣ ва заминиро ба Навори Ғазза оғоз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанги Ғазза токунун ҳадди ақал 23968 фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо зан ва кӯдак буда ва 60582 нафар низ захмӣ шуданд.
Тибқи гузориши Созмони милал, 85 дарсад аз ҷамъияти Ғазза дар ҳоли ҳозир бо камбуди шадиди ғизо, оби солим ва дору ниёз доранд ва ҳазорон нафар овора шудаанд ва 60 дарсад аз зерсохтҳои Ғазза осеб дида ё вайрон шудааст.