Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ахборул-Явм, тавлияти кулли Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаром, бо роҳандозии маҳфили қуръонии «Ҳарамайн», онро тарҳе дар миқёси ҷаҳонӣ барои омӯзиши Қуръон ба мусулмонони саросари ҷаҳон тавсиф кардааст.
Тавлияти кулли Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаром, эълом кардааст, ки дар иҷрои ин тарҳ аз охирин фановариҳои корбурдӣ истифода шуда ва барои корбарон имкони тасҳеҳи тиловат, тасаллут бар таҷвид ва омӯхтани ҳифз ва мурури пас аз ҳифз ба 6 забони арабӣ, англисӣ, урду, индонезияоӣ, молоӣ, фароҳам шудааст. Ҳамчунин пас аз поёни давра ба афроде, ки бо муваффақият давраи омӯзиш аз роҳи дӯрро тай кардаанд, мадрак ва гувоҳинома дар ҳифз ва қироатҳо, аз сӯи устодони муҷоз дар ривоятҳои даҳгона ироа хоҳад шуд. Ин мадрак аз тариқи барномаи «مقرأة الحرمین» ироа хоҳад шуд.
Маҳофил шомили барномаҳои дигаре аз ҷумла тасҳеҳи тиловат, ҳифз, мурур, шарҳи аҳком таҷвид, усули тиловат, ҷаласоти тиловат, пайгирии омӯзиш ва маҳфилҳои қуръонӣ ва ҳамчунин маҳфили омӯзиши Қуръон аз роҳи дӯр низ мешавад.
Маҳфили қуръонӣ Ҳараймини Шарифайн дар канори тарҳҳои дигаре аз ҷумла тавзеъи мусҳафҳои маъмулӣ ва Брайл дар байни зоирон ва намозгузорон ва ҳамчунин роҳандозии турҳои боздид аз маҷмаъи Малик Фаҳд вижаи чопи Қуръон барои зоирони бахши умдаи барномаҳое аст, ки тавлияти кулли Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаром дар солҳои ахир ба иҷро даровардааст.