ИКНА - Бахши муҳимме аз сураи Оли Имрон ба таърихи Анбиё (а) аз ҷумла Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва соири Анбиё алайҳумуссалом пардохта ва аз ҷумла зиндагӣ ва фазоили ҳазрати Марям (рз) ва хонадони ишон шарҳ шудааст.

Севумин сура ва аз сурҳҳои мадании Қуръон аст, ки дар ду ҷузъи севум ва чаҳорум ҷой дорад. Ин сура, ки дорои 200 ояти Қуръон аст, ба сабаби зикри номи Оли Имрон (падари ҳазрати Марям) ва хонадони ӯ дар ин сура ба Оли Имрон маъруф шудааст.
Мӯҳтавои сура
Дар ин сура матолиби зиёде аз ҷумла моҷарои ҷанги Уҳуд, матолиби фаровоне дар бораи ҷиҳод, Мубоҳила, даъвати яҳуд ба Ислом, амри ба сабр ва пойдорӣ, баёни фазилати шуҳадо ва чанд дуои зебо омадааст. Ба таври куллӣ метавон мӯҳтавои сураро ба чанд бахш тақсим кард:
- Бахши муҳимме аз ин сура аз тавҳид ва сифоти Худованд ва маод ва маорифи исломӣ баҳс мекунад.
- Бахши дигаре пиромуни ҷиҳод ва дастуроти муҳимми он ва ҳаёти ҷовидони шаҳидони роҳи Худо ҳамчунин дарсҳои ибратие, ки дар ду ғазваи Бадр ва Уҳуд буд сухан мегӯяд.
- Дар қисмате аз ин сура, ба як силсила аҳкоми исломӣ дар заминаи лузуми ваҳдати сафҳои мусулмонон ва хонаи Каъба ва фаризаи ҳаҷ ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва тавалло ва табарро ва масъалаи амонат, ва инфоқ дар роҳи Худо, тарки дурӯғ ва муқовимат ва поймардӣ дар муқобили душман ва сабр ва шакебоӣ дар муқобили мушкилот ва озмоишҳои мухталифи илоҳӣ ва зикри Худованд дар ҳар ҳол, ишороти пурмаъное шудааст.
Барои такмили ин баҳсҳо, бахше аз таърихи Анбиё (а) аз ҷумла Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва соири Анбиё алайҳимуссалом ва достони ҳазрати Марям (рз) ва мақомоти ин зани бузург низ зикр шудааст.
Мӯҳтавои ин сура аз назари дастабандии мавзӯъӣ ба бахшҳои зер қобили тақсим аст:
- Тавҳид, сифоти Худованд, маод ва маорифи исломӣ;
- Дастур ба ҷиҳод ва ибратомӯзӣ аз ду ғазваи (ҷанги) Бадр ва Уҳуд;
- Ишора ба бархе аз аҳкоми исломӣ дар бораи хонаи Каъба, фаризаи ҳаҷ, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, тавалло ва табарро, амонат, инфоқ дар роҳи Худо ва тарки дурӯғ;
- Даъват ба ваҳдати мусулмонон ва муқовимат дар муқобили душман;
- Сабр ва шакебоӣ дар муқобили мушкилот ва озмоишҳои мухталифи илоҳӣ ва зикри Худованд дар ҳамаҳол;
- Ишораҳое ба таърихи Анбиё (а) аз ҷумла: Одам (а), Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Мӯсо (а) ва Исо (а);
- Зиндагӣ ва фазоили ҳазрати Марям (с) ва хонадони ӯ;
- Тавтеаҳои пайравони мутамарриди ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Исо (а) дар баробари Ислом.
Дар мавриди фазилати ин сура дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам салаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ мехонем: “Ҳар кас сураи Оли Имрон бихонад ба теъдоди оёти он, амоне бар пули дӯзах ба ӯ медиҳанд”.