IQNA

Баргузории маҳфили байналмилалии қуръонхонӣ дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ (а)+ акс

18:49 - January 21, 2024
рақами хабар: 976
ИКНА - Ҳамзамон бо гиромидошти ҳафтаи мелоди ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) маҳфили байналмилалии қуръонхонӣ дар саҳни берунии ҳарами мутаҳҳари он ҳазрат дар Наҷафи Ашраф оғоз шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Алавӣ, маҳфили байналмилалии қуръонхонӣ ба ҳиммати Дорул-Қуръонил-Карими ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) ба муддати як ҳафта дар ин макони муқаддас баргузор мешавад.

Ин барномаи қуръонӣ вижаи солрузи вилодати ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) аст ва аз дирӯз, дар саҳнаҳои берунии ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ (а) оғоз ба кор карда ва ба муддати як ҳафта то солрузи мелоди мавлои муттақиён, идома хоҳад дошт.

 

Ин барномаи қуръонӣ зимни вижабарномаҳои ҳафтаи гиромидошти милоди ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) дар ҳарами мутаҳҳари он ҳазрат тадорук дида шудааст ва ба гуфтаи Ало Муҳсин, масъули Дорул-Қуръонил-Карими ҳарам ҳазрати Алӣ (а) қориёни мумтози байналмилалӣ аз Эрон аз ҷумлаи Ҳамидризо Аҳмадивафо, гурӯҳи тавошиҳи Анвор ва низ шайх Омир Козимӣ, қории мумтози Ироқ дар ин ҳафта ба иҷрои барномаҳои қуръонӣ хоҳанд пардохт.

Остони муқаддаси алавӣ ҳамчунин ба муносибати гиромидошти солрузи мелоди ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а), барномаҳои динӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва қуръонии мутанаввеиро тадорук дида, ки то поёни ин ҳафта баргузор хоҳад шуд.

 

https://iqna.ir/fa/news/4194996/

captcha