Ба гузориши ИКНА, Сайидабулфазли Ақдасӣ, навҷавони ҳофизи кулли Қуръони Карим, ки тайи рӯзҳои гузашта ба мусобиқоти байналмилалии қуръонии кишвари Бангладеш эъзом шуда буд, шаби гузашта иҷрои худро анҷом дод.
Дар ин мусобиқот, ки ба сурати забти телевизионӣ барои пахш дар моҳи мубораки Рамазон, барномарезӣ шудааст, пурсишҳои мутафовите аз ширкаткунандагон пурсида мешавад, аз ҷумлаи саволот, як пурсиш ҳафтсатрӣ ва низ қироати калимоте аз як оят аз сӯи яке аз доварон ва эъломи номи сура аз сӯи ширкаткунандааст.
Ин мусобиқот дар фазои боз баргузор мешавад ва дар он ҳофизоне аз 10 кишварҳои Эрон, Бангладеш, Яман, Сурия, Уммон, Миср, Алҷазоир, Танзания, Либия ва Урдун ҳузур доранд.
Бар асоси иттилооте, ки аз ин мусобиқот мунташир шудааст, тамоми 10 ширкаткунанда ҳадоёеро дарёфт хоҳанд кард ва намояндаи кишвари Бангладеш низ пас аз як давр рақобат бо ҳофизони Қуръони Бангладеш, ба ин марҳила роҳёфтааст.
Дар ин мусобиқот маҷмӯан 12 нафар аз асотиди байналмилалии Қуръон дар гурӯҳи доварӣ ҳузур доранд, ки дар бахшҳои ҳусни ҳифз, савт ва лаҳн, вақф ва ибтидо ва таҷвид ба арзёбии ширкаткунандагон мепардозанд.