Ба гузориши Ал-Арабии 21, шуморе аз ин кӯдакон барои муҳофизат аз худ дар баробари таҷовузоти мудовими режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз 7 октябр (Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо) ба ҳамроҳи хонаводаи худ ба мадрасае паноҳ бурдаанд.
Тасовири мунташир шуда духтаронеро нишон медиҳад, ки дар яке аз урдугоҳҳои Рафаҳ, бо шаҳомат дар шароити сахте, ки дар он зиндагӣ мекунанд, машғули омӯзиши Қуръони Карим ҳастанд.
Дар ҳар паноҳгоҳ ва дар шароите, ки тамоми мадориси Ғазза бомбаборон ва мактабхонаҳо ба таътилӣ кашида шуда, довталабони фаластинӣ як чодаре ё утоқеро барои ҳифз ва омӯзиши Қуръони Карим ба худ ихтисос додаанд ва ин хаймаҳо ва утоқҳо шоҳиди истиқболи чашмгир барои ҳифзи Қуръони Карим аз сӯи тамоми гурӯҳҳои синнӣ ба вижа кӯдакон ва занон аст.
Бар асоси иттилооти мунташир шуда аз сӯи мақомоти фаластинӣ ва Созмони Милал, ҳамалоти режими саҳюнистӣ тайи се моҳи гузашта боиси оворашудани беш аз 85 дарсад аз ҷамъияти Навори Ғазза шуд, ки муодили 1,9 миллион нафар аст.
Оворагони фаластинӣ дар Навори Ғазза дар партави камбуди ғизо, дору ва об, дар шароити сахте зиндагӣ мекунанд, ки ниҳодҳои беҳдоштии маҳаллӣ ва байналмилалиро бар он дошта, ки нисбат ба шуюъи бемориҳо ва ападемиҳо дар миёни оворагон ҳушдор додаанд.