IQNA

Таъкид бар вафои ба аҳд ва пойдорӣ бар паймонҳо дар сураи Моида

22:00 - January 24, 2024
рақами хабар: 994
ИКНА - Ҳадафи аслӣ дар сура даъват ба вафои ба аҳдҳо, пойдорӣ дар паймонҳо ва ҳушдор аз шикастани аҳд аст. Масъалаи вилоят ва ҷонишинии Паёмбари Ислом (с) дар ин сура матраҳ шудааст.

Сураи Моида дар «Мадина» нозил шуда ва 120 оят дорад. Ин сура охирин сура аз сураҳои тӯлонии Қуръон аст, ки дар авохири даврони зиндагии Расули Худо (с) бар ишон нозил шуд.

Мӯҳтавои сура

Ин сура дарбар дорандаи як силсила аз маориф ва ақоиди исломӣ ва як силсила аз аҳком ва вазоифи динӣ аст. Дар қисмати аввал ба масъалаи вилоят ва раҳбарии баъд аз Паёмбар (с) масъалаи таслиси масеҳиён ва қисматҳое аз масоили марбут ба қиёмат ва растохез ва бозхост аз Анбиё дар мавриди уматҳояшон ишора шудааст.

Дар қисмати дуввум, масъалаи вафои ба паймонҳо, адолати иҷтимоӣ, шаҳодат ба адл ва таҳрими қатли нафс (ва ба таносуби он достони фарзандони Одам ва қатли Ҳобил ба василаи Қобил) ва ҳамчунин тавзеҳи қисматҳое аз ғизоҳои ҳалол ва ҳаром ва қисмате аз аҳкоми вузӯ ва таяммум омадааст. Номгузории он ба «сураи Моида» ба хотири ин аст, ки достони нузули Моида барои ёрони Масеҳ (а) дар ояти 114 ин сура зикр шудааст.

Ҳадафи сура

Агар дар оёти ин сура, оёти аввал ва охир ва васаташ диққат кунем дармеёбем, ки ҳадафи ҷомеъ аз ин сура даъват ба вафои ба аҳдҳо, пойдорӣ дар паймонҳо, таҳдид ва ҳушдори шадид аз шикастани аҳд ва беэътиноӣ накардан ба амри он аст. Дар ҳақиқат баён шудааст, ки одати Худои Мутаол раҳмат ва осонкардани таклиф бар бандагони ботақво ва Худотарс ва эҳсон кунанда ҷорӣ шудааст. Ва ҳамчунин сахтгирии Худованд нисбат ба касе, ки паймон бо имоми хешро бишканад, ва гарданкашӣ ва таҷовуз оғоз кунад ва ҳудуд ва мисоқҳое, ки дар дин гирифта шудааст бишканад.

Ба ҳамин ҷиҳат аст бисёре аз аҳком, ҳудуд ва қисос, ва достони Моида замони Исо (а) ва достони ду писари Одам, ва зулмҳои бани Исроил ва паймон шиканиҳои онон дар ин сура омадааст. Ҳамчунин дар оёте аз ин сура бар мардум миннат мегузорад, ки динашонро комил ва неъматашонро тамом кард ва таййиботро барояшон ҳалол ва хабоисро барояшон ҳаром кард, ва аҳком ва дастурот бар ишон ташреъ кард, ки мояи таҳорати онон аст, ва дар айни сахтӣ ҳам намеоварад.

Фазилати сура

Дар сураи Моида масъалаи вилоят ва ҷонишинии Паёмбари Ислом (с) равшан шуд ва кофирон аз дини Ислом маъюс шуданд, пас ҳар кас ин сураро бихонад ва тибқи он аз вилояти Алӣ (а) пайравӣ кунад, кофиронро маъюс карда ва бад-ин ҷиҳат ба теъдоди онҳо подош мегирад.

 

captcha