IQNA

Мафҳуми хештандорӣ дар Қуръони Карим

20:44 - January 27, 2024
рақами хабар: 1002
ИКНА - Қуръони Карим, ки дастуруламалҳои фаровоне дар ростои камоли рӯҳӣ ва маънавии инсон дорад, ба аъмол ва рафторе, ки сабаби тақвият ё заъфи хештандорӣ мешавад, ишора фармудааст. Агар инсон аз авомили заъфи хештандорӣ огоҳ шавад, метавонад аз осори он низ пешгирӣ кунад.

Яке аз вижагиҳои хосси инсон, хештандорӣ аст, ки дар воқеъ навъе мудирият бар хештан (худ) аст. Хештандорӣ тавонои пайравӣ аз дархости маъқули (оқилона), таъдили (интихоби) рафтор мутобиқ бо мавқеият, ба таъхирандохтани ирзои (таъмини) як хоста дар чорчуби пазируфта шудаи иҷтимоӣ, бидуни мудохила ва ҳидояти мустақими фардии дигар, таъриф шудааст. Бинобар омӯзаҳои динӣ, кантроли нафс гоҳе дар тарки маъсият (гуноҳ) ва гоҳе бо анҷоми воҷиботи динӣ муяссар (мумкин) мешавад ва самара ва натиҷаи он тақво аст. Гоҳе низ дар мубориза бо номулойимот ва сахтиҳои нафсонии дарунӣ ва мушкилоти зиндагӣ ва гоҳе дар ҳамзистии иҷтимоӣ зуҳур меёбад, ки сабр ва ҳилмро дар пай дорад.

Бештарини оёт ҳикоятгари хештандорӣ дар Қуръон марбут ба нафс ва қалб аст; Ин нафс аст, ки бояд муроқиби аъмол ва рафтораш бошад ва ҳамвора бар худ мусаллат бошад, ки ба хато наравад. Авоқиби кантрол накардани нафс домангири худи инсон мешавад: لا تَکسِبُ کلُّ نَفْسٍ إِلاَّ عَلَیها وَ لا تَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرى ‏; “Ва ҳеҷ кас ҷуз бар зиёни худ [гуноҳе‏] анҷом наме‏диҳад ва ҳеҷ борбардоре бори [гуноҳи] дигариро барнамедорад”. (Анъом, 164). Ба таврикуллӣ ашхос ҳеҷ амали зиште наме‏кунанд, магар инки худи соҳибони амал, вабол ва сангинии онро ба дӯши худ хоҳанд кашид.

Қуръони Карим бо зикри 11 қасам мефармояд, ки шинохт ва гароиш ба корҳои нек ва бад дар даруни фитрати инсон наҳода шуда ва қарор гирифта аст: وَنَفْسٍ وَما سَوَّاها فَأَلْهَمَها فُجُورَها وَتَقْواها; “Савганд ба нафс ва он кас, ки онро дуруст кард, сипас палидкорӣ ва парҳезгори‏яшро ба он илҳом кард”. (Шамс, 8-7) Лизо агар касе тавонист, ки бар асоси ин таолим ва омӯзаҳои фитрат амал кунад ва бо худкантролӣ нафси худро пок нигаҳдорад ва рушд диҳад, қатъан саодатманд шудааст. Аз сӯи дигар агар натавонист худро дар баробари бадиҳо кантрол кунад ва нафсаш олуда шуд, ҳатман аз раҳмати Худованд ноумед мешавад: قَدْ أَفْلَحَ مَنْ زَکاها وَقَدْ خابَ مَنْ دَسَّاها; “Ҳаркас онро пок гардонид, қатъан растагор шуд ва ҳар, ки олудааш сохт, қатъан дар бохт”. (Шамс, 10-9).

Хештандорӣ тавоноӣ кантрол ва идора кардани ҳаяҷонҳо ва ҳифзи оромиш дар баробари хостаҳо ё шароити буҳронӣ аст. Хештандорӣ ба маънои саркӯб кардани ҳаяҷонот нест, балки равиши ибрози ҳаяҷонот аст; Яъне ба ин мепардозад, ки интихоби мо барои вокуниш ва ибрози эҳсосот чигуна бошад. Афроди дорои заъф дар хетандорӣ дар баробари ангезаҳо ва тамоюлоти саркаш нотавон ҳастанд ва дар натиҷа ақли онон ба асорати хоҳишҳои нафсонӣ дармеояд; Ба гунае, ки ҳатто аз ташхиси возеҳтарин масоил боз мемонад ва корҳое мекунанд, ки як умр уқубат дорад. Ба фармоиши Ҳазрати Алӣ (а) وَ كَمْ مِنْ عَقْلٍ أَسِيرٍ تَحْتَ [عِنْدَ] هَوَى أَمِيرٍ; “Чӣ басо ақлҳое, ки гирифтор ва асири ҳаво ва ҳавас ҳастанд, ки ҳоким бар ақл аст”. (Наҳҷулбалоға, Ҳикмати 211)

Қуръони Карим мефармояд: أَفَرَأَيْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَهَهُ هَوَاهُ وَأَضَلَّهُ اللَّهُ عَلَى عِلْمٍ وَخَتَمَ عَلَى سَمْعِهِ وَقَلْبِهِ وَجَعَلَ عَلَى بَصَرِهِ غِشَاوَةً فَمَنْ يَهْدِيهِ مِنْ بَعْدِ اللَّهِ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ; “Оё диди касеро, ки маъбуди худро ҳавои нафси хеш қарор дода ва Худованд ӯро бо огоҳӣ (бар инки шоистаи ҳидоят нест) гумроҳ сохта ва бар гӯш ва қалбаш мӯҳр зада ва бар чашмаш пардае афкандааст. Бо ин ҳол чӣ касе метавонад ғайр аз Худо ӯро ҳидоят кунад? Оё мутазаккир намешавед”. (Ҷосия, 23).

captcha