Аз рӯйи гузориши Ал-Ҷазира, ҳанӯз аз асри 16, Қуръон дар Олмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта буд. Дар тӯли асрҳо муҳаққиқон ва шарқшиносон, ки ба омӯзиши забони арабӣ рӯ оварда буданд, ин китоби муқаддасро омӯхтанд ва таҳқиқ карданд. Вале аз аввали асри 17, тарҷумаҳои Қуръон бештар зери таъсири сиёсӣ ва динии замон қарор гирифтанд ва фақат чанде аз онҳо воқеан муносибати илмӣ бо матни Қуръон доштанд.
Дар тӯли даҳсолаҳо, китоби «Таърихи Қуръон» навиштаи Теодор Нолдеке — шарқшиноси маъруф — таъсиргузортарин манбаъ дар таҳқиқоти донишгоҳии Ғарб буд ва асоси таҳқиқоти Қуръонӣ дар онҷо гардид.
Аммо дар даҳсолаҳои ахир, мо шоҳиди пайдо шудани тарҷумаҳои мавзӯиятар шудаем — тарҷумаҳое, ки баъзе аз муаллифонашон баъди омӯзиши тӯлонии оятҳо ба Ислом гаравиданд. Ин ҳолат дар тарҷумаҳои олмонии онҳо низ таҷассум ёфта буд — як омезиш аз дақиқии лафзӣ ва таҷрибаи ботинии амиқ. Аз маъруфтарин тарҷумонҳои чунин, Зигрид Ҳунке ва Анне Мари Шиммел буданд.
Қиссаи шунидании доктор Алфред Ҳубер
Алфред Ҳубер дар шаҳри Вена — пойтахти Австрия ба дунё омада буд ва дар муҳити масеҳиёни католикии диндор ба воя расид. Волидайнаш ӯро барои зиндагии руҳонӣ омода карда буданд ва ӯ ҳатто рӯҳонӣ (падар) шуд. Аммо ин ҷавон, ки ҳамеша ташвишу шубҳа дошт, ба ҷавобҳои омода бовар намекард ва пайваста дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд.
Аз хурдсолӣ ба масъалаи имон ва гуногунрангии адён (динҳо) шавқ дошт ва зиддиятҳои байни онҳоро амиқ ҳис мекард.
Аз синни 18, сафар карданро оғоз намуд. Баъди хатми донишгоҳ, аввал ба шаҳри Рим — маркази дини масеҳият рафт. Баъд ба Юнон ва Туркия сафар кард. Дар Туркия аввалин воқифати ҷиддиаш бо Ислом сурат гирифт.
Мегӯяд: «Баъд ба шаҳри Қуния ва оромгоҳи Ҷалолуддини Балхӣ (Мавлавӣ) рафтам. Онҷо як осоиш ва рӯҳониятеро эҳсос кардам, ки бо сухан гуфта намешавад.»
Як таваллуди дубора
Дар оғози солҳои 70-уми асри гузашта, Ҳубер сафар ба Шарқро оғоз намуд. Ӯ ба Сурия, Урдун ва аз онҷо ба Қудс (Ерусалим) рафт.
Иштиёқаш ба хондани матнҳои динии аслӣ ӯро водор кард, ки забонҳои ибрӣ, юнонӣ, лотинӣ ва санскрит-ро омӯзад. Ҳатто ба Ҳиндустон рафт ва бо дини Буддо шинос шуд. Онҷо як таҷрибаи наздик ба маргро паси сар кард — ки худаш онро як таваллуди нав меномад.
Аммо нуқтаи гардиш дар Тоҷ Маҳал ба вуқӯъ пайваст. Ӯ мегӯяд:
«Намедонам онҷо бо ман чӣ шуд, аммо як ҳисси оромиш ва зебоӣ маро фаро гирифт. Эҳсос кардам, ки дар биҳишт ҳастам. Онҷо боварам омад, ки Ислом интихоби рӯҳи ман аст. Ман бо тамоми вуҷуд ҳис кардам, ки на масеҳият ва на ҳиндуизм — ҳеҷ кадоме аз инҳо дини ман нестанд. Боварӣ ҳосил кардам, ки дини Ислом динест, ки рӯҳи ман онро интихоб кардааст.»
Ҳубер афзуд:
«Дар Ғарб одамон аксаран бо як ҳисси нафрат нисбати Ислом ба дунё меоянд — нафрате, ки тавассути расонаҳо, ки Исломро бо терроризм мепайванданд, ва таблиғоти сиҳюнистӣ, ки маъноҳои ҳақиқии дини Исломро таҳриф мекунанд, ташаккул меёбад.»
Дар мавриди масъалаи Фаластин, Ҳубер бар он бовар аст, ки расонаҳои Ғарб ҳақиқатро ҳамеша таҳриф мекунанд.
Аз назари ӯ, роҳи ҳал — дар ҳузури самимии арабҳо аст.
Ҳамроҳӣ бо Қуръон ва тарҷумаи маъноҳои он
Баъд аз омӯхтани забони арабӣ, Ҳубер дарк кард, ки матни аслии Қуръон бо тарҷумаҳое, ки қаблан хонда буд, фарқи амиқ дорад. Ӯ таъкид мекунад, ки Қуръонро тарҷума кардан ғайриимкон аст, зеро арабӣ забони муқаддас аст ва Қуръон як матни илоҳӣ аст, ки танҳо бояд бо забони худи он хонда шавад.
Ӯ мегӯяд:
«Вақте бори аввал Қуръонро қироат кардам, ба он ошиқ шудам. Зеро ман шеърро дӯст медорам ва худам ҳам шеър менавиштам. Қуръонро ҳамчун як забони хеле зебо дарёфтам.»
Ин робитаи ботинӣ ва амиқ бо Қуръон ӯро то он ҷо бурд, ки аз як муаллим дар донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ба як тарҷумони мафҳумҳои Қуръон дар вазорати авқофи Миср табдил ёфт — ва ин лоиҳа 13 сол тӯл кашид.
Ислом овардан ва лаҳзаи таъйинкунанда
Алфред Ҳубер бори аввал дар соли 1980, дар шаҳри Истанбул, дар як лаҳзае ки худаш онро «лаҳзаи сарнавиштсоз» меномад, Исломро қабул кард.
Мегӯяд:
«Ман бо як дӯстам баҳс доштам. Баъди сӯҳбатамон, ӯ ба ман гуфт: "Алфред, ту мусалмон ҳастӣ. Ҳама ҳарфҳоят нишон медиҳад, ки ту дар ҳақиқат як мусалмон ҳастӣ." Ман аз ин ҳарф ҳайрон шудам. Ӯ гуфт: "Биё ба масҷид равем." Ва дар ҳамон вақт ман шаҳодатин (калимаи шаҳодат) гуфтам.»
Ҳубер сафари тӯлонии худ — пеш ва баъд аз мусалмон шудан — чунин ҷамъбаст мекунад:
"Ман аз торикӣ ба сӯи нур ҳаракат кардам."
4305147