Сура Ҳуд ёздаҳумин сураи Қуръони Карим ва аз сураҳои макӣ аст. Ин сура 123 оят дорад дар тартиби нузул, панҷоҳу дувумин сурае аст, ки нозил шудааст. Ин сура дар ҷузъҳои 11 ва 12 қарор гирифтааст.
Ҳуд яке аз Паёмбарони илоҳӣ аст, ки ҳудуди 700 сол қабл аз мелоди ҳазрати Масеҳ (а) дар ҷануби Арабистон ба паёмбарӣ расид.
Номи ҳазрати Ҳуд чандин бор дар Қуръон омадааст ва яке аз сураҳо низ ба номи эшон аст. Дар ин сура ба достони ҳазрати Ҳуд ва қавмаш ишора шудааст.
Ин сура авохири ҳузури Паёмбари Ислом(с) дар Макка ва пеш аз ҳиҷрат ба Мадина ба эшон нозил шудааст. Дар ин давра, Паёмбари Ислом(с) аму ва ҳамсари худро аз даст дода буд. Ба ҳамин далел дар оғози ин сура ҷумлаҳои оромишбахше хитоб ба Паёмбар дида мешавад. Ҳамчунин сахтиҳое, ки Паёмбарони қаблӣ таҷриба карданд ва пирӯзиҳое, ки ба даст оварданд, мурур шудааст.
Дар ин сура саргузашти Паёмбароне ҳамчун Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут, Иброҳим ва Мӯсо баён шудааст. Мушкилоте, ки барои ҳидояти мардум таҳаммул кардаанд; Сахтиҳое, ки пушти сар гузоштанд ва азобҳои илоҳӣ, ки ба далели зулм ва ситами мардум бар қавмҳои Паёмбарон нозил шуд. Аммо пирӯзӣ ҳамвора барои Паёмбарон будааст; Ҳарчанд ёрон ва ҳамроҳони каме доштанд.
Чаҳор ояти ибтидои сураи Ҳуд шомили маорифи қуръонӣ аст, ки дар тӯли сура ба сурати комил ба онҳо пардохта шудааст. Ин маориф шомили тавҳид, набувват ва маод ва тавсифи ваъдаҳои Худованд ба мӯъминон ва соҳибони аъмоли некӯ аст.
Ин сура, оёти такон диҳандае марбут ба қиёмат ва бозпурсӣ дар он додгоҳи адли илоҳӣ ва оёте дар мавриди муҷозоти ақвоме аст, ки ба зулм ва ситам рӯй оварданд. Ба ҳамин далел дар ҳадиси маъруфе мехонем, ки Паёмбари Ислом(с) фармуд شَيَّبَتْنى سورَةُ هودٍ: “Сураи Ҳуд маро пир кард”!
Аз “Абдуллоҳ ибни Аббос” дар тафсири ин ҳадис чунин нақл шуда, ки ҳеҷ ояте бар Пайғамбар(с) шадидтар ва душвортар аз ояти فَاسْتَقِمْ کَما أُمِرْت وَ مَنْ تابَ مَعَک “Ҳамонгуна, ки дастур ёфтаоӣ, истодагӣ кун ва ҳар, ки бо ту тавба карда [низ чунин кунад] ва туғён макунед, ки Ӯ ба ончи анҷом медиҳед, биност” (Сураи Ҳуд, ояти 112) набуд.
Калидвожа: Сураҳои Қуръон, 114, Ҳуд Паёмбар, сураи Ҳуд, Паёмбарони илоҳӣ, Паёмбари Ислом, азоби илоҳӣ, ваъдаҳои илоҳӣ.