IQNA

Талафоти бесобиқаи артиши режими саҳюнистӣ

7:54 - February 03, 2024
рақами хабар: 1023
ИКНА - Талафоти артиши режими саҳюнистӣ дар 4 моҳи ахир беш аз талафоти он дар 40 соли гузашта аст. Рӯзномаи англисии «Телеграф» бо такя ба оморҳои расмии артиши режими саҳюнистӣ дар бораи шумори низомиёни маҷруҳ ва ҳалокшудааш аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун навиштааст: Исроил дар ин 4 моҳ, ба андозаи беш аз 4 даҳа талафот додааст.

Далелҳои махфӣ кардани талафот дар гузашта

Режим саҳюнистӣ дар ҷангҳои пеш аз ин ҷанг теъдоди воқеии талафоташро сензура мекард ва барои ин кор низ далоили муҳиме дошт. «Кишварҳои маснуӣ» ва «миллатсозиҳои зӯракӣ», ки бо ваъдаи амният, сарват ва осоиш сохта мешаванд, дар сурате ки ин се коркарди муҳимро надошта бошанд, маҳкум ба завол ва фурупошианд. Чунин кишварҳои ҷаълӣ фарҳанг ва таърих надоранд, ки дар набуди коркардҳои дигар, аз фурупошӣ ҳифз шаванд. Зимни ин ки «амният» муҳимтарин ва аввалин коркарде аст, ки барои гирдоварии як ҷамъият дар як нуқта, ба он ниёз аст. Он чи баршумурдем, аз ҷумла далоиле аст, ки саҳюнистҳоро водор карда то ҳамеша шумори талафот ва маҷруҳони худро дар даргирӣ бо ҷавонони фаластинӣ сензура кунанд то пеши муҳоҷирати бараъксро бигиранд.

Нотавонӣ дар махфикорӣ

Вақте касе вориди архиви хабарии расонаҳои ин режим шавад, ба унвони мисол шумори талафоти неруҳоро дар ҷанги 33-рӯза бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳадди аксар 50 ё 60 нафар мебинад! Имрӯз, дар ҷанги ҷорӣ дар Ғазза дигар аз ин ададҳои фиребанда хабаре нест. Агарчи оморҳои расмӣ сензура мешаванд, аммо ҳамин адад ва рақамҳои кӯчакшуда низ, «бесобиқа» ва «бузург» ҳастанд ва ин дақиқан мавзуи ёддошти рӯзномаи англисии Телеграф ва хабаргузори Ал-Маёдин аст. Дирӯз «Ал-Маёдин» навишт: «Полиси режими ишғолгар, имрӯз, чаҳоршанбе эътироф кард, ки яке аз сарбозони ягони вижа «Ясом» вобаста ба дастгоҳи полиси Исроил кушта шудааст… Ягони Ясомаз хатмкардаҳои ягонҳои размии чандманзура дар артиши режими ишғолгар ташкил шудааст, ки ба ваҳшигарӣ маъруфанд. Ин неруҳо чизе ҷуз латукуб ва шикастани аъзои бадани афрод ва ҳамлаи ваҳшиёна ба онҳо намешиносанд. Полиси режими ишғолгар дар баёнияе эълом кард, ки яке аз сарбозонаш дар минтақаи «Кибутс улумем» дар ҳафтуми октябри соли гузашта ба дасти муқовамат кушта шуд ва ҷанозааш дар навори Ғазза нигаҳдорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта артиши режими ишғолгар эълом кард, ки 3 низомии дигари артиши режими ишғолгар дар набардҳои Ғазза, ки ҳамчунон идома дорад, ба даст неруҳои муқовимати Фаластин кушта шуданд. Ин эътирофи Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки муқовимати Фаластин барои 117-умин рӯз бо артиши режими ишғолгар дар ҳамаи меҳварҳо дар навори Ғазза ба шиддат даргир аст.

Шумори куштаҳо ва захмиҳои ишғолгарон

Шоён зикр аст, ки аз ҳафтуми октябр то кунун 560 низомии исроилӣ ба дасти муқовимати Фаластин кушта шуданд ва беш аз 2784 низомии дигар низ захмӣ шуданд. Ин рақам ва теъдод бар асоси эътирофҳои расмии артиши Исроил аст, аммо расонаҳои исроилӣ бар ин боваранд, ки шумори воқеии талафоти инсонии ишғолгарон бисёр болотар аз он чизе аст, ки Телавив эълом мекунад. Дар ҳамин замина рӯзномаи Телеграф навишт, ки теъдоди куштаҳо ва захмиҳои артиши режими ишғолгар бисёр бештар аз чизест, ки тайи чаҳор даҳаи гузашта будааст.

Интиқоми саҳюнистҳо аз ғайринизомиён

Саҳюнистҳои ҷинояткор интиқоми шикастҳои худ дар майдони ҷангро аз занон, кӯдакон, асирон, маҷруҳон, беморон ва ба сурати куллӣ аз ғайринизомиён мегиранд. Шояд ба ин далел, ки куштани инҳо каме осон аст ва он беобрӯ шуданашон дар амалиёти Тӯфони Ал-Ақсоро зудтар таскин медиҳад. Куштори умумии 26 ҳазору 900 фаластинӣ дар муддати 115 рӯз, ки бинобар эъломи СММ, дасти кам 80%-и онҳо ғайринизомӣ ҳастанд- он ҳам ба кумаки Амрико, Англис, Олмон, Фаронса ва чанд кишвари вобастаи минтақаӣ ва арабӣ- муҳимтарин далел барои ин иддаост. Ҳамин дирӯз ва пас аз гурехтани низомиёни саҳюнист аз манотиқе аз Ғазза, тасовири такондиҳандае аз гӯшаи дигаре аз ин ҷиноёт пахш шуд. Кашфи 30 ҷасад дар кисаҳои плостикӣ бо чашмбанд ва зери қумҳо, дар мадрасаи «Халифа бен Зоид» дар Байтлоҳиё, ки ҳамагӣ эъдом шудаанд! Ҳамчунин тасовири дардноки 80 шаҳиде, ки бештари онҳо зан ва кӯдаканд дар гӯрҳои ҷамъӣ дар Ғазза дар минтақаи Рафаҳ гузориш шуд. Тасовири дигаре пахш шуд, ки нишон медод, ду низомии саҳюнист, 4 асири фаластиниро тирборон мекунанд!

Ҳимояти ҷаҳонӣ аз Ғазза

Роҳпаймоии бузурги мардуми Индонезия бар зидди ҷиноёти Исроил дар ҳаққи мардуми мазлуми Ғазза низ мунташир шуд. Мусулмонони Индонезия бо бардоштани парчамҳои бузург ва кӯчаки Фаластин, бо миллати мазлуми ин кишвар ибрози ҳамдардӣ карда ва хостори поёни ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар Ғазза шуданд. Дар 4 моҳи гузашта, тазоҳуротҳои бузург ва кӯчаки зиёде аз шарқ то ғарби олам дар ҳимоят аз Фаластин ва зидди ҷиноёти режими саҳюнистӣ баргузор шудааст. Бархе аз ин тазоҳуротҳо – мисли тазоҳуроти Лондон-он қадар азим буд, ки расонаҳои наздик ба қудрати Англис навиштанд, ки Эрон ин тазоҳуротро созмондеҳӣ кардааст, вагарна ин ҳама ҷамъият барои Фаластин ба хиёбонҳо намеомаданд!

Фаластин 95% ва Исроил 5%

Тибқи пажӯҳише, ки саҳюнистҳо дар ду моҳи оғозини ин ҷанг дар бораи роҳпаймоиҳои ҷаҳонӣ анҷом доданд, 95%-и ин роҳпаймоиҳо дар ҳимоят аз Фаластин ва танҳо 5% аз онҳо дар ҳимоят аз саҳюнистҳо анҷом шудааст. Нуктаи ҷолиб ин, ки баъдҳо маълум шуд, бахше аз ин 5% низ бо дарёфти пул барои ҳимоят аз саҳюнистҳо ҷамъ мешуданд!

Ақибнишиниҳои артиши ишғолгар

Як тип аз ҳамон оғози ҷанг дар Ғазза ақибнишинӣ кард, ки саҳюнистҳо гирифтори талафот ва зарарҳои бесобиқае шудаанд. Ҳамин талафот ва зиёни бесобиқа боиси ақибнишинии дасти кам 6 типи ин режим ба баҳонаҳои гуногун шудааст. Ҳоло хабар расидааст, ки як типи вежаи ин режим низ водор ба ақибнишинӣ шудааст. Расонаҳо дирӯз дар ин бора ба нақл аз радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки «Типи панҷи захира дар неруи вижа Ноҳол, шаби гузашта Ғаззаро тарк кардааст… Ин типи панҷ дар шимоли Ғазза меҷангид ва масъули назорати манотиқи соҳили ғарби шаҳри Ғазза буд… Типи 646, танҳо типи артиши ишғолгар хоҳад буд, ки дар минтақаи Хон Юнус дар Ғазза боқӣ хоҳад буд… Радиои артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз шикасти тарҳи пур кардани тунелҳои Ғазза бо Ҳамос хабар дод ва эълом кард, ки расондани оби дарё ба тунелҳо дар шимол ва маркази Ғазза муваффақ набуд ва артиш ин тарҳро канор гузошт… Ин радио ҳамчунин аз ақибнишинии бахше аз низомиёни ин режим аз шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, дар марз бо Лубнон хабар дод ва иддао кард, ки артиш тасмим гирифта неруҳои размиро дар марзҳои Лубнон кам кунад. Гуфтанист, ки вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои гузашта хостори ҳамла ба ҷануби Лубнон барои муқобила бо Ҳизбуллоҳ шуда буд ва аъзои кобинаи ин режим низ бо баргузории конфронсе, хоҳони ишғоли дубораи Ғазза шуда буданд.»

Аз музокирот чӣ хабар?

Тайи рӯзҳои гузашта хабарҳои зиёде аз таҳияи тарҳе дар нишасти Париж барои оташбаси тӯлонӣ нашр шудааст. Тибқи ин ахбор, саҳюнистҳо ин тарҳро пазируфтаанд ва мунтазири посухи Ҳамос ҳастанд. Аз ҷузъиёти ин тарҳ хабари зиёде пахш нашудааст ва Ҳамос низ эълом карда, то охири ҳамин ҳафта назари худро дар бораи ин тарҳ эълом хоҳад кард. Танҳо нуктаи муҳими мунташиршуда аз ҷузъиёти ин тарҳ баҳси мубодилаи асирон аст, ки ба назар мерасад, тайи чанд марҳала анҷом хоҳад шуд.

Шарти Ҳамос барои мубодилаи асирон ва оташбас

Ҳамос ҳамзамон бо интишори ин гузоришҳо эълом кард, ки фақат дар сурати ақибнишинии комили саҳюнистҳо, озодии тамоми асирони фаластинӣ ва бозсозии Ғазза, оташбасро мепазирад, аммо саҳюнистҳо гуфтаанд, ки зимни озодии тамоми асиронашон, Ҳамос низ бояд дар ин борика тазъиф ва қудрат ба гурӯҳи дигар ва бо назорати бархе кишварҳои арабӣ мунтақил шавад! Ба назар мерасад, ки Ҳамос ҳаргиз чунин шароитеро нахоҳад пазируфт, чун дар майдонҳои ҷанг ҷабҳаҳои муқовимат- аз Яман ва Лубнон то Ироқ ва Фаластин- дар мавзеи қудрат бо ангезаи боло қарор доранд.

https://tajikpress.com/2024/02/01/%D1%82

captcha