IQNA

Маҳбубаи Котиб:

Шиори мусобиқоти байналмилалии Қуръон ёдовари рашодати бонувони Ғазза аст

22:21 - February 19, 2024
рақами хабар: 1105
ИКНА - Раиси ҳайати доварони бахши бонувони чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, бо баёни инки шиори «Як китоб, як уммат, китоби муқовимат», беҳтарин дастоварде аст, ки метавон аз оёти Қуръон дар заминаи муқовимат гирифт, изҳор кард: занони Ғазза, паёми муқовиматро аз Қуръони Карим, пеш аз дигар занони ҷаҳон дарёфт карда ва амал карданд.

Маҳбубаи Котиб, раиси ҳайати доварони бахши бонувони чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, дар гуфтугӯ бо ИКНА, дар хусуси шиори ин давра аз мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо унвони «Як китоб, як уммат, китоби муқовимат» гуфт: Қуръони Карим дастури зиндагӣ барои ҳамаи инсонҳост ва дар ин китоби илоҳӣ, ки аз тарафи Худои Мутаол ба бандааш нозил шудааст, тамоми ончи бояд ва набояд баён шудааст. Яке аз муҳиммтарин дастуроти Қуръон ин аст, ки инсон зулм ва адлро бишносад ва дар баробари золим, муқовимат ва пойдорӣ кунад ва тан ба зулмат надиҳад.

Раиси ҳайати доварони бахши бонувони чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар бораи нақши бонувон дар таҳаққуқи ин арса гуфт: мо нақши бонувонро дар пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва ҳаштсол дифои Муқаддас дидем.

Котиб дар мавриди паёми қуръонии худ ба занони мазлуми Ғазза гуфт: занони Ғазза қабл аз инки бихоҳем мо ба онҳо паём диҳем худашон паёми Қуръонро гирифтаанд. Ингуна, ки мо шунидаоем бештарин ҳофизони Қуръонро доранд ва ин дастури илоҳӣ, ки дар баробари зулм боистед ва тан ба зулмат надиҳед дар инҳо нақш бастааст. Онҳо тавонистанд қиём кунанд ва мушаввиқе барои мардонашон ҳастанд то дар баробари сахтиҳое, ки ба онҳо ворид мешавад, битавонанд муқовимат кунанд; Дар ҳоле, ки бо чашми худашон мебинанд азизон ва фарзандонашон ба шаҳодат мерасанд, аммо ҳеҷвақт забон ба шикоят боз накарданд дар ҳоле, ки ин роҳро идома медиҳанд. Агар занони Ғазза афроди сабуре набуданд ин муқовимат то имрӯз ба тӯл намеанҷомид.

https://iqna.ir/fa/news/4200576

captcha