Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи дирӯз дар дидор бо ширкаткунандагон дар 40-умин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон, амал ба маорифи Қуръонро бароварандаи ниёзҳои ҳамаи башарият ва ҷомеаи башарӣ донист ва бо интиқод аз амал накардан ба маориф ва дастурҳои Қуръон аз ҷониби сарони кишварҳои исломӣ, дар мавзуи Ғазза гуфт: Имрӯз неруҳои муқовимати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар муқобили душмани хабиси саҳюнистӣ, дар ҳоли амал ба дастуроти Қуръон ҳастанд ва ба лутфи илоҳӣ пирӯзӣ насиби миллати Фаластин хоҳад шуд ва дунёи Ислом ҳатман нобудии ғуддаи саратонии саҳюнистро ба чашм хоҳад дид.
Ишон бо ишора ба оёте аз Қуръони Карим, ки ба баёни тавсифу муаррифии Қуръон мепардозанд, афзуд: Қуръон «китоби ҳидоят», «китоби зикр ва аз байнбарандаи ғафлат» ва «китоби ҳикмату нуру бурҳон» аст. Ҳазрати Алӣ (а), ки шогирди барҷастаи Қуръон аст, ин китоби осмониро китоби зиндакунандаи дилҳо ва дармони дардҳои бузурги башарият мехонад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: Касоне, ки Қуръонро китоби «кунҷи маобид» ва барои иртиботи шахсии башар бо Худованд медонанд ва «исломи сиёсӣ» ва «исломи созандаи низоми иҷтимоӣ»-ро қабул надоранд, дар воқеъ дар нуқта муқобили тавсифи Қуръон аз худ ва тавсифи ҳазрати Амирулмуъминин Алӣ аз Қуръон ҳастанд.
Ишон тиловати Қуръон ва фунуну ҳунарҳои тиловатро яке аз роҳҳои муассир барои ташвиқи мусулмонон ба унс бо Қуръон ва фаҳми маорифи он баршумурда гуфт: Муттаассифона, имрӯз шикояти Расулуллоҳ (с) ба Худованд дар бораи маҳҷур будани Қуръон, яке аз воқеиятҳои талхи бахшҳои зиёде аз дунёи Ислом аст, ки натиҷаи он амал нашудан ба дастурот ва маорифи қуръонӣ аст.
Ишон мавзуи Ғаззаро масъалаи бузурги дунёи Ислом хонда афзуд: Оё сарону масъулони кишварҳои исломӣ ба дастури Қуръон, ки мегӯяд: «Бо душманони Худо ва мусулмонон иртибот барқарор накунед» амал мекунанд? Чаро сарони кишварҳои исломӣ ошкор ба қатъи робитаи худ бо режими қотили саҳюнистӣ ва қатъи кумак ба ин режим иқдом намекунанд?
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Худованди Мутаол ҳамаи миллатҳои мусулмонро ба далели ин ки ба давлатҳои худ барои қатъи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ фишор наёварданд ва ҳамчунин давлатҳои исломиро ба далели амал накардан ба дастуроти қуръонӣ мавриди суол ва муохиза қарор хоҳад дод.
Ишон таъкид кард: Албатта, муқовимати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар муқобили душмани саҳюнистӣ дар ҳоли амал ба маорифу дастуроти қуръонӣ ва рӯи дигари ин моҷаро ҳастанд ва ба лутфи Худованд ва бар асоси ваъдаҳои қуръонӣ нусрати илоҳӣ шомили ҳоли онҳо хоҳад шуд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки имрӯз дунёи Ислом ва озодагони ҷаҳон азодори мардуми Ғазза ҳастанд, гуфт: Мардуми Ғазза мавриди зулми касоне қарор гирифтаанд, ки ҳеҷ бӯе аз инсоният набурдаанд ва бар ҳамин асос бузургтарин вазифа, ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ва истодагии шуҷоонаи неруҳои муқовимат ва ҳимоят аз касонест, ки ба мардуми Ғазза кумак мекунанд.
Ишон дар поён хотирнишон кард: Умеди мо ба лутфу нусрати илоҳӣ тамом нахоҳад шуд ва дунёи Ислом ҳатман нобудии ғуддаи саратонии саҳюнистро мушоҳида хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 40-умин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши мардон ва занон ва 8-умин мусобиқаи байналмилалии донишомӯзон бо ҳузури 99 қорӣ ва ҳофизи Қуръон аз 44 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон баргузор шуд. Ин мусобиқа аз 15 феврал оғоз шуд ва 21 феврал поён ёфт. Дирӯз ширкаткунандаи ин мусобиқа бо раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ дидор карданд. Дар ин давра ҳофизи кулли Қуръони Карим Бурҳониддини Раҳимови тоҷиктабор ба намояндагӣ аз Русия ширкат кард ва мақоми дувуми ҳифзи кулли ин мусобиқаро ба даст овард. Барои ҳамаи аҳолии Қуръон ба хусус Бурҳониддини Раҳимов табрик мегӯем ва барояшон орзуи муваффақияти бештар дорем.
https://tajikpress.com/2024/02/23/