IQNA

Устоди мутолиоти динии Канада ба ИКНА посух дод

Дигар адён дар бораи мунҷии охируззамон чӣ мегӯяанд?

15:50 - February 26, 2024
рақами хабар: 1132
ИКНА - Профессор Лиёқат Таким, устоди мутолиоти динии аҳли Канада бар ин бовар аст: эътиқод ба омадани як мунҷӣ дар охируззамон танҳо мухтасси мусулмонон ва шиаён нест ва дар адёни дигар, ба вижа дар яҳудият ва масеҳият низ вуҷуд дорад.

 

Аз рӯзгори куҳан, эътиқод ба зуҳури Маслеҳ, асли асосӣ буда аст. Бисёре аз Паёмбарони пешин, омадни дигареро ваъда медодаанд. Ҳамчунин дар саросари бишоратҳо ва ишоратҳои пешинён, ҳамвора суханоне дар бораи «мавъуди охирин» ва «мунҷии охируззамон» бо ановини ҳамчун Колкӣ, буддоии панҷум, Сушиёнс, масеҳо, писари Инсон ва... вуҷуд дорад.

Ҳамаи адён тақрибан дар ин нукта муттафиқул қавланд, ки наҷотбахше хоҳад омад ва ононро аз сайтари бандагии ситамкорон ва ҳокимони зургӯ раҳонида, ҷомеае пур аз адл ва додро ба вуҷуд хоҳад овард. Мавъуд боварӣ дар адёни гуногун ба гунаҳои мухталиф матраҳ буда ва яке аз эътиқодоти асосии онҳо ба шумор мерафтааст. Ба гуфтаи бархе аз муҳаққиқон камтар дин, мазҳаб ва миллате ёфт мешавад, ки ба мунҷии мавъуд бовар надошта бошад.

Доктор Лиёқат Таким дар Зангбори Танзания дар хонаводаи аз шиаёни Хуҷа ба дунё омад. Дар соли 1978м аз донишгоҳи Лондон дар риштаи иқтисод фориғуттаҳсил шуд ва сипас дар риштаи таърихи адён дар донишгоҳи Верҷенияи  Амрико ба таҳсил пардохт. Вай бо поённомае бо унвони «таҳқиқе дар бораи ақидаи мавъудгароӣ дар Ислом» дар соли 1983м, дар мақтаъи коршиносии аршад аз ин донишгоҳ таҳсилоти худро ба итмом расонд. Ҳамон сол ба ҳавзаи илмияи Қум омад ва ба таҳсил ва таҳқиқ дар заминаи фиқҳи шиъӣ, ҳадис ва риҷол, тафсир, усул ва адабиёти Араб машғул шуд. Ду сол баъд ба Англистон рафт ва дар риштаи таърихи адён машғули таҳсил шуд. Вай дар соли 1990м муваффақ ба ахзи дараҷаи докторо аз донишгоҳи Суоси (Soas) Лондон бо поённомае бо унвони «тасвири риҷоли имомон шиа дар адабиёт, зиндагиномаи имомия» шуд.

Ба муносиби солрузи мелоди Мунҷии олами башарият, ҳазрати Маҳдӣ (а) Лиёқат Таким, устоди мутолиоти динии донишгоҳи Мак-Мастери Канада ва муаллифи китоби Ташаюъ дар Амрико бо ИКНА ба гуфтугӯ нишаст, ки машрӯҳи он дар идома меояд:

ИКНА: Оё фақат мусулмонон ва шиаён ба омадани мунҷӣ эътиқод доранд? Дигар адён дар ин бора чӣ мегӯяанд?

Эътиқод ба омадани як мунҷӣ дар охируззамон танҳо мухтаси мусулмонон ва шиаён нест ва дар адёни дигар, ба вижа дар яҳудият ва масеҳият, ҳам вуҷуд дорад. Дар яҳудият, Масеҳ ба шахсе ишора мекунад, ки аз насли Довуд (а) хоҳад омад. Ибтидо эътиқод бар ин буд, ки Масеҳ ба зудӣ ва дар замони Довуд (а) зуҳур мекунад, аммо пас аз фурӯпошии императории Довуд баъд аз Сулаймон (а), иддаи омаднаш дар интиҳои замон дар яҳудият барҷаста шуд. Ин бовар вуҷуд дорад, ки ӯ ба унвони писари Довуд (а), дар охируззамон душманонро шикаст медиҳад ва ҳукумате эҷод мекунад, ки мардум дар он бо сулҳ ва хушбахтӣ зиндагӣ кунанд. Гурӯҳҳои дигаре ҳам буданд, ки ба шахсиятҳои устураоии дигаре эътиқод доштанд, ки дар ин баҳс сӯроғи онҳо намеравем. Дар кулл, иддаи мунҷӣ дар яҳудият бисёр барҷастааст.

Албатта дар масеҳият ҳам иддаи мунҷӣ вуҷуд дорад. Дар инҷо ида Масеҳ дар ибтидо аз яҳудият ворид шуд, зеро масеҳият аз дили яҳудият шакл гирифт. Дар ибтидо дар бораи ин ки Масеҳ кист, ихтилофоте вуҷуд дошт, аммо ба тадриҷ ин бовар шакл гирифт, ки Масеҳ ҳамон Исо (а) аст.

Иддаи мунҷӣ дар масеҳият дар тӯли замон тағйир кардааст ва инҷо маҷоли лозим барои баёни ҷузъиёти он вуҷуд надорад. Дар китоби «Мукошифаи Юҳанно» дар масеҳият ба нишонаҳое аз зуҳури Масеҳ ишора мешавад, монанди зуҳури «Даҷҷол» ва ранҷ ва сахтии қабл аз омадани Масеҳ, ва сипас бозгашти дувуми Исо (а), набарди Армагадун, пирӯзии хайр бар шарр ва муҷозоти шайтон, нобудии осмонҳо ва замин, рафтани кофирон ба ҷаҳаннам ва хилқати замин ва осмони ҷадид тавассути Худованд.

ИКНА: Вижагиҳои ҳукумати имом Маҳдӣ (а) аз дидгоҳи шумо чист?

Қуръони Карим дар мавриди ҳадафи ҳукумат сӯҳбат мекунад ва сухане аз навъи сохтори он ба миён намеовард. Ҳадафи аслӣ аз зуҳури имом Маҳдӣ (а) барқарории адолат ва баробарӣ аст: إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ: "Худованд фармон ба адл ва эҳсон ва бахшиш ба наздикон медиҳад". (Сураи Наҳл, ояти 90).

https://iqna.ir/fa/news/4201702

captcha